Эмомалӣ Раҳмон: Қатъи фаъолияти “Озодӣ” дурӯғи маҳз аст

Президенти Тоҷикистон зимни дидор бо Ҷеймӣ Флай, Президенти Радиои “Озодӣ” хабарҳо мабнӣ бар қатъи фаъолияти дафтари ин радио дар Тоҷикистонро “дурӯғи маҳз” унвон кард.

Вай таъкид кардааст: “Имрӯз дар Тоҷикистон 18 нафар кормандони он ба қайд гирифта шудаанд ва озодона фаъолият мекунад, ҳол он, ки дар баъзан аз кишварҳои собиқ шуравӣ фаолияти Радиои Озодӣ тамоман манъ шудааст”.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо бо Ҷеймӣ Флай, Президенти Радиои “Озодӣ” рӯзи 7 ноябр дар шаҳри Сюрихи Конфедератсияи Швейтсария дидору гуфтугӯ кардааст.

Ҳамзамон, Президенти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки «солҳои охир Радиои Озодӣ бештар ба ташвиқу тарғиби хабарҳои вобаста ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташон манъ шудааст, машғул аст”.

Вай гуфтааст, ҳама гуна расонаҳои хабарии новобаста аз шакли тобеияташоннабояд ба қонуншиканӣ роҳ диҳад ва  фаъолияташро қаътиян дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» ба роҳ монад.

Раҳбари Давлати Тоҷикистон аз роҳбарияти радиои “Аврупои озод, Радиои озодӣ” талаб кардааст,  ки дар доираи фаъолият дар қаламрави Тоҷикистон ҳангоми инъикоси ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии кишвари мо ба таври воқеъбинона ва бо истифода аз афкори ҷомеаи шаҳрвандӣ мавод омода намоянд.

Зимнан, рӯзи 31 октябр, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба 7 хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ иҷозаи фаъолият дод, вале шаш нафарашон фақат ҳаққи фаъолияти нимсола ва як нафар барои се моҳ иҷозаи кор гирифтанд.

Ин дар ҳолест, ки бар пояи муқаррароти Ҳукумати Тоҷикистон аккредитатсия ба хабарнигорони доимӣ барои 1 сол дода мешавад ва муҳлати семоҳа танҳо барои онҳое таъйин шудааст, ки бо сафари кӯтоҳмуддат вориди Тоҷикистон мешаванд.

Тибқи маълумоти расмӣ, феълан дар Тоҷикистон беш аз 250 расонаи мустақили хабарии маҳаллӣ ва берунӣ, аз ҷумла рӯзномаю маҷаллаҳо, радио, телевизионҳо ва агентиҳои иттилоотӣ фаъолият доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *