Ҷуфте дар қатл ва сӯзонидани тифли 5-сола гумонбар шудаанд

Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон зану шавҳаре боздошт шуданд, ки духтари панҷсолаашонро қатл ва оташ задаанд. Дар ин бора додситонии шаҳрии Тошканд хабар дод.

Ба иттилои додситонӣ, 4 ноябр сокини шаҳр А.В. ба мақомот хабар дод, ки духтари 5-солааш Д.К.-ро дар маркази тиҷории «Compass» гум кардааст. Мақомот ба ҷустуҷӯи кӯдаки гумшуда пардохтанд.

Аммо нишондодҳои А.В. ва шавҳари вай М.Ф. шубҳаҳои зиёдеро ба бор овард, иттилоъ медиҳад додситонӣ.

Дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯӣ маълум шуд, ки зану шавҳар шаби 25 октябр, тақрибан соати 3 шаб машруб нӯшида, фарзанди худро лату кӯб ва баъдан ба қатл расонидаанд. Бо ҳадафи пӯшонидани изи ҷиноят, тасмим гирифтанд, ки ҷасадро нобуд кунанд. Субҳ ҷасадро ба ноҳияи Бостанлиқ бурда, оташ зада ва боқимондаи ҷасадро ба дарёи Чирчик партофтаанд.

Зану шавҳар бо ҳадафи фиреб додани мақомот ва пӯшонидани асли воқеа хабари гум шудани фарзандашонро бофтаанд.

Мақомот аз ҷои ҳодиса далелҳои шайъӣ пайдо карданд.

Дар ҳоли ҳозир гумонбарон боздошт ва дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *