Эмомалӣ Раҳмон аз Иттиҳоди Аврупо барои таҳкими марз бо Афғонистон кумак хост
Эмомалӣ Раҳмон аз Иттиҳоди Аврупо хостааст, то дар таҳкими марз бо Афғонистон кумак кунад. Ин дархост дар нишасти сарони кишварҳои “Осиёи марказӣ — Иттиҳоди Аврупо” садо дод.
Сарвари кишвар гуфт, ки қаламрави Афғонистон ба майдони терроризми байналмилалӣ табдил ёфта, ин кишвар ҳамчунон яке аз бузургтарин тавлидкунандагони маводи мухаддир дар ҷаҳон аст. «Дар ин робита изҳори умедворӣ мекунам, ки кумакҳои Иттиҳоди Аврупо дар ин самт афзоиш ёбад»,- гуфт сарвари кишвар.
Вай қайд кард, ки Иттиҳоди Аврупо ба таҳкими марз тавассути барномаи BOMCA (Барномаи кумак ба идоракунии сарҳад дар Осиёи Марказӣ) ва CADAP (Барномаи пешгирии маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ) кумак мекунад, аммо ин тадбирҳо барои муқовимати муассир бо таҳдидҳо кофӣ нестанд.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки андешидани тадбирҳои муштаракро барои мубориза бо таҳдиди густариши терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти радикализми динӣ, ҷиноятҳои интернетӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ муҳим медонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ