наручник

Авбоши кордкаш дастгир шуд

Хадамати матбуоти ВКД аз як ҳолати куштор дар Душанбе хабар медиҳад.

Бино ба иттилои мазкур, шоми рӯзи 1-уми июн дар назди боғчаи “Деу”, воқеъ дар кӯчаи Гулдаста (пушти бинои Академияи идоракунӣ) марди 31-солаи сокини ноҳияи Варзоб аз ҳиссиёти авбошӣ як зани 33- сола ва ҷавони 25-солаи сокинони ноҳияи И. Сомонии пойтахтро мавриди озору азият қарор дода, сипас, бо корди дар дасташ буда ба қисмати сари зани 33-сола задааст.

Гуфта мешавад, ки ин авбош пештар ҳам бо моддаи 391-и Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст.

Дар натиҷаи ҳодисаи мазкур ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст ва кормандони милитсия тафтишоти пешакиро идома дода истодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *