Эмомалӣ Раҳмон: Аз тоҷик будани худ ифтихор намоем
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ гуфт, ки мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем.
“Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтию осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем”,-таъкид дошт Сарвари давлат зимни ироаи Паём.
28 декабри соли равон Сарвари давлат иброз дошт, ки мо вазифадорем ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва мунтазам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии ҳар хонадони мардуми Тоҷикистон ҳар рӯз ва ҳамеша саъю талош намоем.
«Ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон эътимоди комил дорам. Зеро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, ваҳдати миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ ва саъю талоши хастагинопазири ҳар фарди ҷомеа эътимоду итминон дорам»,-изҳор намуд Пешвои миллат.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ