Эмомалӣ Раҳмон: Азми мо барои сохтани “Роғун” қатъӣ аст!
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо бунёдкорони НБО “Роғун” гуфтааст, ки “сарфи назар аз буҳронҳои иқтисодиву сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ азми мо барои ба итмом расонидани сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” қатъӣ мебошад”.
Сарвари давлат таъкид кардааст, ки суръат бахшидан ба корҳои сохтмону васлгарӣ дар ин иншооти азим, ки барои давлат ва халқи Тоҷикистон аҳаммияти сарнавиштсоз дорад ва бо сифати баланд иҷро гардидани онҳо аз сохтмончиён вобастагии ниҳоят калон дорад.
— Бо дарназардошти аҳамияти стратегӣ доштани иншооти мазкур ва бо вуҷуди мушкилоти зикршуда, Ҳукумати мамлакат дар ду соли охир барои идомаи сохтмон ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида, маблағгузориро ҷиҳати нигоҳ доштани суръати корҳо таъмин намуд,- қайд кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ