Лигаи олӣ ва Лигаи якум марҳилаи аввалро анҷом доданд

Дар Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ ва Лигаи якум танаффуси миёнмарҳилаӣ фаро расид, ки то нимаи дуюми моҳи август идома хоҳад кард.

Рўзҳои 3 ва 5-уми июл бозиҳои даври ёздаҳум дар Лигаи олӣ баргузор шуданд. Дастаи “Равшан”-и Кўлоб дар майдони худ бар “Эсхата” бо ҳисоби 2:0 пирўз шуда, холҳояшро ба 19 расонд ва ба ҷойи аввали ҷадвали мусобиқа баромад.

Дар бозӣ миёни дастаҳои “Равшан”-и Зафаробод ва “Хатлон” гол зада нашуд. “Регар-ТадАЗ” дар бозии хонагӣ аз “Истиқлол” бо ҳисоби 1:3 мағлуб гардид. Дар бозии дигар дастаи КМВА аз “Файзканд” бо натиҷаи 1:2 шикаст хўрд. Бозӣ миёни дастаҳои “Истаравшан” ва “Хуҷанд” бо пирўзии хуҷандиҳо бо ҳисоби 0:1 анҷом ёфт.

Дар Лигаи якум низ марҳилаи якум ба охир расид, ки дастаи «Куктош» аз ноҳияи Рўдакӣ пешсаф гардид. Шогирдони Тоҳир Муъминов дар 11 бозӣ 9 ғалаба ба даст оварда, ду вохӯриро мусовӣ карданд ва 29 имтиёз ба даст оварданд. «Ҳосилот»-и Фархор аз пешсаф як имтиёз камтар дорад. «Динамо»-и Душанбе бо 25 хол дар сегонаи аввал аст.

Ҳамин тавр, дар Лигаи олӣ ва Лигаи якуми Чемпионати футболи Тоҷикистон таътили тобистона фаро расид. Марҳилаи дуюм дар ҳарду лига 12-уми август оғоз меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *