Эмомалӣ Раҳмон ба Берлин меравад
Имрӯз, 28-уми сентябр президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари серӯза ба Берлин меравад ва бо раиси ҷумҳуру садри аъзами Олмон мулоқот анҷом медиҳад.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти президенти кишвар хабар медиҳанд.
Интизор меравад, ки сарони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон низ дар ин мулоқот ширкат кунанд.
“Сарвари давлат бо сарони дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ бо раиси ҷумҳури Олмон Франк-Валтер Штайнмайер дар Берлин мулоқот анҷом медиҳанд”,- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Манбаъ афзуд, ки мавзуҳои асосии гуфтугӯ таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва иқтисодӣ, инчунин масъалаҳои ҳамкориҳое ҳастанд, ки барои минтақа ва Олмон муҳиманд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ