Тоҷикистону Белорус. Тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ

Дар шаҳри Душанбе имрӯз, 28-уми сентябр Анҷумани кории Тоҷикистон ва Белорус баргузор мегардад. Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, анҷумани корӣ мақоми ҳамоҳангсоз ва машваратӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани самаранокии муносибатҳои тиҷоратӣ байни ташкилоту ассотсиатсияҳои Белорус ва Тоҷикистон, инчунин муайянкунӣ ва рафъи монеаҳо дар роҳи тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии дуҷониба ба шумор меравад.

Қайд карда шудааст, ки дар анҷуман баррасии масоили кунунии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии дуҷониба ва муаррифии ширкатҳои Белорус дар назар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *