Эмомалӣ Раҳмон: Ба худнамоиву исрофкорӣ роҳ надиҳед
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро бо фарорасии иди саиди Фитр шодбош гуфт. Президент Даъват ба амал овард, ки ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ дар рӯзи иди саиди Фитр ва рӯзҳои дигар муносибати ҷиддӣ дошта бошанд.
-Тибқи таълимоти ислом додани садақа бозкунандаи дарҳои савоб ва афзояндаи баракати умр мебошад,- изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Ба таъкиди Президент, дар ояти 60 сураи «Тавба»-и Қуръони маҷид омадааст, ки садақа аслан барои фақирон ва мискинон пешбинӣ шудааст.
«Мо бояд дар ин рӯзи муборак бо дарназардошти душвориву мушкилоти дар миқёси ҷаҳон бавуҷудомада сарфаю сариштакориро фаромӯш накунем, ба худнамоиву исрофкорӣ роҳ надиҳем», — изҳор дошт Сарвари давлат.
Зимнан, соли равон вазнин арзёбӣ гардида, гуфта шуд, ки таъмини аҳолии бисёр кишварҳои олам бо маводи ғизоӣ ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сокинон машварат дод, ки «Дар баробари анҷом додани фаризаҳои динӣ мо бояд ҳамдигарро дастгирӣ кунем, ба якдигар меҳрубону ғамхор бошем, Ватани худро боз ҳам ободу зебо гардонем ва барои зиндагии шоистаи халқамон шароити мусоид фароҳам оварем».
Ёдовар мешавем, ки иди Фитр дар Тоҷикистон 2 май таҷлил гардида, намози ид соати 06:00 оғоз мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ