Муҳоҷират ба Британия. Киҳоро аз Тоҷикистон ба кор қабул мекунанд?

Беш аз ду сол аст, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта наметавонам, зеро Русия маро ба “рӯйхати сиёҳ” ворид кардааст. Қабл аз ин, 10 сол дар Маскав ронандаи таксӣ будам. Зиёд кӯшиш кардам, ки ба Туркия ё Қазоқистон равам, вале ба кишвари аввал эътимод надораму ба дуввумӣ роҳ ёфта натавонистам. Хабар ёфтам, ки Британияи Кабир барои муҳоҷирони тоҷик имкони кор додааст. Аз ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мехоҳам, ки ин мавзуро пайгирӣ карда, роҳу василаҳои сафар ба Британияи Кабирро нишон диҳад.  

Аз муроҷиати шаҳрванд Амонқулов Шодбахт, сокини ш. Душанбе

Куҷо беҳтар: Британия ё Русия?

Дар саҳни ҳавлии МД “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон дар шаҳри Душанбе”, ки бо дархости як ширкати аврупоӣ муҳоҷирони кориро ба Бритинияи Кабир мефиристад, бо Зафар Шарифов ном сокини шаҳри Турсунзода вохӯрдам. Ӯ ба наздикӣ аз муҳоҷират баргашта буд ва феълан бо як нафар ҳамдеҳааш омадааст, ки бори дуввуми иҷозати сафар ба Британияро пайдо кунад.

Зафар мегӯяд, ки ба воситаи як ширкати хусусӣ барои кор ба он кишвар рафта буд ва шаш моҳ кишоварзӣ кард.

“Ман чандин сол дар Русия муҳоҷир будам. Нони Русияро хӯрдам, кӯрнамакӣ намекунам, вале дар он кишвар шароити кор ва будубош барои муҳоҷирон хеле вазнин аст. Дар Британия шароит аз Русия хеле фарқ дорад. Кор дар он ҷо сабук ва маош бештар аст. Муносибати корфармо бо коргар низ хеле хуб аст”,- мегӯяд Зафар.

Вале ба гуфти ин ҳамсуҳбати мо, муҳоҷирати корӣ дар Британия мушкилӣ ҳам дорад.

“Мушкил дар он аст, ки як муҳоҷир наметавонад дар Британия беш аз муҳлати шартнома кор кунад. Барои мисол ширкатҳои бритониёӣ бо коргар барои 6 моҳ, 9 моҳ ва 1 сол шартнома мебанданд. Муҳоҷир ҳақ надорад аз ин бештар дар он кишвар бимонад. Ҳол он ки, барои сафар, ҳуҷҷатгузорӣ ва будубош дар Британия маблағи зиёд масраф мешавад. Танҳо нархи чипта то Британия беш аз 20 ҳазор сомонӣ аст”,- мегӯяд ӯ.

Вале бо вуҷуди ин, Зафар мехоҳад бори дуввум ҳам ба Британия равад, на ба Русия. Ин даъфа ӯ ҳамроҳаш рафиқашро низ овардааст. Бурҳон Аслиддинов таърифи кор дар Британияро аз забони Зафар шунида, майли сафар ба ин кишварро кардааст.

“Ман забони англисиро медонам. Бинобар ин, ба ман низ ваъда карданд, ки виза медиҳанд”,- гуфт ӯ бо умедворӣ.

5 ҳазор талабгори кор

Чун Зафар ва Бурҳон талабгорони кор дар Британия аз Тоҷикистон хеле зиёданд. Аз МД “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон дар шаҳри Душанбе” мегӯянд, ки дар як ҳафта беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои муҳоҷирати корӣ ба Бритониё дархост додаанд, вале фақат дусад нафари онҳо, ки забони англисиро медонанд, иҷозаи сафар пайдо карданд. 

Талабгорони муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба Бритониё баъд аз эълони як ширкати аврупоӣ аз худ дарак доданд. Эълон ба воситаи идораи муҳоҷирати Тоҷикистон нашру паҳн шуд.

Диёр Норматов, мудири МД “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон дар шаҳри Душанбе” мегӯяд, ки ба зудӣ як гуруҳ коргаронро ба Бритониё мефиристанд.

«Мо рӯйхати корҷӯёнро ба воситаи Сафорати Тоҷикистон дар Бритониё ба ширкат фиристодем. Онҳо тамос гирифта, бо корҷӯён суҳбат карданд ва 244 нафарро интихоб намуданд. Дар марҳилаи аввал барои 69 кас даъвати кор омадааст. Ин афрод дар ҳоли таҳияи санадҳо ҳастанд»,- шарҳ дод ӯ рӯзи 21-уми апрел.

Ин масъули идораи муҳоҷират мегӯяд, харҷи сафари корҷӯён ба Бритониё аз ҳисоби худи онҳо пардохта мешавад. Онҳо дар як рӯз то ҳашт соат кор мекунанд ва барои ҳар соат кор то 12 доллар мегиранд. Вале Диёр Норматов низ таъкид мекунад, ки кор дар Британия мавсимӣ аст.

Барномаи давлатӣ

Коршиноси масоили муҳоҷират Давлат Саид мегӯяд, ки Тоҷикистон бояд масири Аврупоро барои муҳоҷирони корӣ тавсеа диҳад: “Феълан муҳоҷирони мо бо кӯшиши худ бештар ба Аврупо мераванд. Ба Британия низ бо талаби ширкати аврупоӣ рафта истодаанд. Яъне мақомоти Тоҷикистон кӯшиши пайдо кардани роҳҳои фиристодани муҳоҷиронро намеҷӯяд. Ҳол он ки, Аврупо метавонад мушкили бекориро дар кишвари мо қисман ҳал кунад. Бинобар ин, Тоҷикистонро зарур аст, ки барномаи мушаххаси давлатӣ таҳия карда, масири Аврупоро барои муҳоҷирон тавсеа диҳад”.

Аз солҳои навадум ба ин сӯ Русия кишвари асосии муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст, вале солҳои охир шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кору маоши беҳтар бо ҳар роҳе худро ба Кореяи Ҷанубӣ, Аврупо ва ё Амрико мерасонанд, аммо шумораашон зиёд нест.

О. НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

7 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *