Аз таҳти дил бихандед!

Қарз

Зан ба марди дӯстдоштааш мегӯяд:

— Мо кай оиладор мешавем?

Мард дар ҷавоб:

— Фотимаҷон, ман алҳол имкони бо шумо издивоҷ карданро надорам, вале кам-кам қарзи заношавҳариро адо карда метавонам.

Шаҳодати бардурӯғ

Дар толори суд аз судшаванда мепурсанд:

— Мутмаинам, хеле хуб медонед, ки барои додани шаҳодати бардурӯғ шуморо чӣ интизор аст?

Судшаванда дар ҷавоб:

— Бале, BMV ваъда додаанд.

Камбудӣ

Зердаст аз раиси худ мепурсад:

— Раис, шумо ягон бор ба занатон рӯирост ҳамаи камбудиҳояшро гуфтаед?

Раис дар ҷавоб:

— Бале. Мехоҳӣ захми сарамро нишон диҳам?

Ҷашн

Зане ба назди духтур рафта, мегӯяд:

— Доктор, баъди аз шавҳарам ҷудо шудан сахт фарбеҳ шудам. Ба ман ягон твасия медодед.

Духтур дар ҷавоб:

— Ҷашн гирифтанро бас кунед-дия!

Наполеон

Равоншинос ба бемор баъд аз табобати тӯлонӣ мегӯяд:

— Шуморо табрик мекунам, аллакай ҳолатон рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст.

Бемор мегӯяд:

— Шумо беҳбудӣ гуфта, чиро дар назар доред, духтур? Ба маълумоти шумо мерасонам, ки шаш моҳ қабл ман Наполеон будам, акнун ҳеҷ касам!

Кредит

Намояндаи бонк ба марде занг зада, мепурсад:

— Салом. Шумо ҷои кор меҷӯед?

Мард мегӯяд:

— Бале, меҷӯям.

Корманди бонк мегӯяд:

— Беҳтарин! Ҳамин ки ҷои кор ёфтед, ба мо занг занед. Мо ба шумо бо имкониятҳои мусоид кредит пешниҳод мекунем!

Хизматрасонӣ

Марде дар фурудгоҳ ба маъмурият мегӯяд:

— Шумо метавонед як ҷомадони маро ба Русия ва дигарашро ба Туркия равон кунед?

Корманди фурудгоҳ мегӯяд:

— Не, мо чунин тарзи хизматрасонӣ надорем.

Мард мегӯяд:

— Хеле хуб, зеро дафъаи гузашта шумо ҷомадонҳои маро ҳамин гуна равон карда будед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *