Аз таҳти дил бихандед!
Қарз
Зан ба марди дӯстдоштааш мегӯяд:
– Мо кай оиладор мешавем?
Мард дар ҷавоб:
– Фотимаҷон, ман алҳол имкони бо шумо издивоҷ карданро надорам, вале кам-кам қарзи заношавҳариро адо карда метавонам.
Шаҳодати бардурӯғ
Дар толори суд аз судшаванда мепурсанд:
– Мутмаинам, хеле хуб медонед, ки барои додани шаҳодати бардурӯғ шуморо чӣ интизор аст?
Судшаванда дар ҷавоб:
– Бале, BMV ваъда додаанд.
Камбудӣ
Зердаст аз раиси худ мепурсад:
– Раис, шумо ягон бор ба занатон рӯирост ҳамаи камбудиҳояшро гуфтаед?
Раис дар ҷавоб:
– Бале. Мехоҳӣ захми сарамро нишон диҳам?
Ҷашн
Зане ба назди духтур рафта, мегӯяд:
– Доктор, баъди аз шавҳарам ҷудо шудан сахт фарбеҳ шудам. Ба ман ягон твасия медодед.
Духтур дар ҷавоб:
– Ҷашн гирифтанро бас кунед-дия!
Наполеон
Равоншинос ба бемор баъд аз табобати тӯлонӣ мегӯяд:
– Шуморо табрик мекунам, аллакай ҳолатон рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст.
Бемор мегӯяд:
– Шумо беҳбудӣ гуфта, чиро дар назар доред, духтур? Ба маълумоти шумо мерасонам, ки шаш моҳ қабл ман Наполеон будам, акнун ҳеҷ касам!
Кредит
Намояндаи бонк ба марде занг зада, мепурсад:
– Салом. Шумо ҷои кор меҷӯед?
Мард мегӯяд:
– Бале, меҷӯям.
Корманди бонк мегӯяд:
– Беҳтарин! Ҳамин ки ҷои кор ёфтед, ба мо занг занед. Мо ба шумо бо имкониятҳои мусоид кредит пешниҳод мекунем!
Хизматрасонӣ
Марде дар фурудгоҳ ба маъмурият мегӯяд:
– Шумо метавонед як ҷомадони маро ба Русия ва дигарашро ба Туркия равон кунед?
Корманди фурудгоҳ мегӯяд:
– Не, мо чунин тарзи хизматрасонӣ надорем.
Мард мегӯяд:
– Хеле хуб, зеро дафъаи гузашта шумо ҷомадонҳои маро ҳамин гуна равон карда будед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ