Эмомалӣ Раҳмон ба Русия сафар мекунад
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди Русия мешавад. Дар назар аст, ки ин сафар рӯзҳои 21 – 22-уми ноябри соли ҷорӣ сурат гирад.
Дар ин бора сухангӯи Президенти Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода ба расонаҳо иттилоъ додааст.
Гуфта мешавад, ки зимни ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Русия Владимир Путин ва Сарвазири ин кишвар Михаил Мишустин мулоқот хоҳад кард.
Аммо то ҳол мавзӯи суҳбати ҷонибҳо чист, иттилоъе дода нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ