Панҷ. Бунёди беш аз 230 иншоот дар панҷ сол

 Ба хотири истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар ноҳияи Панҷ сохтмони беш аз 230 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Ҷамшед Латипов, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Панҷ ба Pressa.tj гуфт, ки давоми соли равон, 41 иншооти таъиноти гуногун ба истифода дода шудааст.

Ӯ мегӯяд, то охири сол боз ифтитоҳи 13 иншооти дигар дар нақша аст. «Барои боз ҳам беҳтар кардани шароити таълим дар муассисаҳои таълимӣ сохтмони 30 синфхона ва се муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин 13 иншооти таъиноти гуногуни тиббӣ бунёд хоҳад шуд»,- Ҷамшед Латипов.

Ҷамшед Латипов афзуд, ки дар ноҳияи Панҷ бунёди парки инноватсионӣ ва технологӣ дар майдони 3 гектар идома дорад. Дар дохили он 5 корхона сохта мешавад. Ҳамчунин у таъкид кард, ки дар доираи эълони панҷсолаи рушди саноат, бунёди 11 корхонаи гуногуни саноати дар назар аст.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *