Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск вохӯрд
Имрӯз, 26 апрел Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ватикан ташриф овард.
Бино ба иттилои расмӣ, дар бинои Тахти Олишаън Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро Попи Рим Франсиск самимона истиқбол гирифт.
Дар вохӯрӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Попи Рим Франсиск масоили таҳкими ҳамкории судбахш баррасӣ гардид.
Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон тамоми шароит барои таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии намояндагони ҳамаи динҳо фароҳам оварда шудааст. Мардуми тоҷик, ки таърихан дар тамаддуни ҷаҳонӣ бо рушди илму адаби ғании худ ҳиссаи намоён гузоштааст, аз ҳама гуна гуфтугӯҳои байнидинӣ ва байнитамаддунӣ истиқбол мекунад.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Баъди анҷоми мулоқоту музокирот Попи Рим бо ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
Байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Попи Рим табодули туҳфаҳои хотиравӣ сурат гирифт.
Сипас, бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, Попи Рим Франсиск ва ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими аксбардорӣ доир шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ