Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди Исломобод мешавад

Президенти Тоҷикистон бо як сафари расмӣ вориди шаҳри Исломободи Покистон мешавад.

Интизор меравад, ки сафари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Исломобод рӯзи чаҳоршанбе оғоз гардида, ду рӯз идома хоҳад кард.

“Дар ин сафари дурӯзаи расмии Сарвари давлат ба Покистон асосан таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетикӣ ва дигар самтҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ мешаванд”, — хабар додааст маркази матбуоти Президенти Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки сафари охирони Эмомаӣ Раҳмон ба Исломобод тобистони 2021 сурат гирифта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *