Мулоқоти генерал Фаттозода бо муҳассилини тоҷик дар Русия

Генерал -майори милитсия Абдусаттор Фаттозода бо муҳассилини тоҷики Донишгоҳи ВКД дар шаҳри Москва мулоқоту суҳбат анҷом додааст.

Ба иттилои ВКД Тоҷикистон, Фаттоҳзода, ки мақоми муовини Директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ-ро ба уҳда дорад, ба муҳассилин аз таҳдидҳои муосир гуфтааст.

14

Вай баланд бардоштани савияи дониши шунавандагону курсантон дар муқовиват бо ҷиноятҳои муташаккил, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва воситаҳои психотропиро омили муҳим хондааст.

«Шумо муҳассилин кӯшиш ба харҷ диҳед, то аз илмҳои замон, пешрафт ва истифодаи технологияи муосир, ки бо суръати кайҳонӣ тараққӣ намуда истодаанд, ба қадри кофӣ баҳравар бошед», — таъкид намудаст генерал Фаттозода.

Ӯ илова намудааст, ки донишу малакаи баланди касбӣ дар муқовимат бо ҳамагуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа, ҳифзи амну субот ва бехатарии давлату миллат устувориро таъмин месозад.

Гуфта мешавад, ки ҳоло дар Донишгоҳи ВКД-и Русия дар Москва 29 шунаванда аз Тоҷикистон пас аз хатми мактаби миёна таҳсил доранд. Ҳамчунин, 9 корманди  ВКД Тоҷикистон ба зинаи илмӣ ва илмӣ-педогогӣ бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *