Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони СҲШ маҷозан иштирок кард
Имрӯз, 4-уми июл Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки таҳти раёсати Ҳиндустон дар шакли маҷозӣ баргузор шуд, иштирок намуд.
Тибқи иттилоъ, сарони давлатҳои аъзо масоили вобаста ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи судмандро дар доираи Созмон баррасӣ карда, дар бораи масъалаҳои муҳими минтақавию байналмилалӣ табодули афкор намудаанд.
Бино ба гузориш, Президенти Тоҷикистон аҳамияти пешбурди минбаъдаи ҳамкориро дар чорчӯби Созмон таъкид карда, таҳияи консепсияи тавсеаи минбаъдаи СҲШ-ро барои давраи миёнамуҳлат пешниҳод кардааст.
Гуфта мешавад, ки Сарвари давлат аз таҳдидҳои афзояндаи терроризм, ифротгароию ҷудоихоҳӣ, тамоюли афзоиши гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва муташаккили фаромарзӣ дар қаламрави СҲШ ёдовар шудааст.
“Дар ҷаласа қарору санад қабул шуд, ки муҳимтарини онҳо Эъломияи Деҳлии Нав, инчунин қарорҳо дар бораи додани мақоми давлати аъзои СҲШ ба Эрон ва имзои Ёддошти тафоҳум оид ба уҳдадориҳои Белорус дар мавриди гирифтани мақоми аъзои СҲШ мебошанд. Сарони давлатҳо ҳамчунин ду изҳорот, аз ҷумла, дар бораи мубориза бо зуҳуроти тундгароӣ, ки боиси терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ мегардад, инчунин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳаввулоти рақамиро қабул намуданд”,- омадааст дар хабар.
Мавриди зикр аст, ки дар ин нишаст Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ, Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Токаев, Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, Раиси Чин Си Ҷинпин, Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф, Президенти Русия Владимир Путин, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Белорус Александр Лукашенко, Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ, Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурелсух, Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, Дабири кулли СҲШ Чжан Мин ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштаанд.
Бино ба маъдумоти дарёфтӣ, раёсати СҲШ дар солҳои 2023-2024 ба уҳдаи Қазоқистон мегузарад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ