Эмомалӣ Раҳмон: Идҳои Рамазон ва Қурбон тӯй нестанд!
Тамоми сокинони Тоҷикистонро зарур аст, ки дар баргузории маросиму маъракаҳо, аз ҷумла дар рӯзҳои ид ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ роҳ надиҳанд ва дар фикри аҳли оилаву фарзандони худ бошанд.
Ин нуктаро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати иди Фитр таъкид намуд.
“Фаромӯш набояд кард, ки идҳои Рамазон ва Қурбон тӯй нестанд, балки як маросими сирф маънавӣ, яъне аёдат, зиёрат, гиромидошти хотираи гузаштагон, дар ҳаққи онҳо дуо кардан ва ба ҷо овардани шукронаи оромиву осоиш ва сулҳу суботи кишвар мебошанд”, гуфт Президенти кишвар.
Президент аз манфиати қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» гуфта, афзуд, ки имрӯз маблағҳои сарфашудаи шаҳрвандон барои беҳтар кардани шароити зиндагӣ, бунёду обод гардонидани манзилҳои истиқоматӣ ва дигар амалҳои хайр равона шуда истодаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ