Ифтитоҳи корхонаи азими саноатӣ дар Суғд

Имрӯз, 9 апрел зимни сафари Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Титан 8888” мавриди истифода қарор дода шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, масоҳати ин корхонаи нави саноатӣ 1,3 гектарро ташкил медиҳад. Дар он асосан радиатор — таҷҳизоти гармидиҳӣ, дегҳои гуногунҳаҷм барои рӯзгор ва чароғакҳои равшанидиҳанда (прожектор) истеҳсол мешаванд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти муҳташами тавлидотӣ 100 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Оянда дар ин ҷо шумораи кормандон дар маҷмуъ ба 170 нафар расонида мешавад.

Дар айни замон музди миёнаи меҳнат 2500 сомониро ташкил медиҳад.

“Корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Титан 8888” бо мақсади саҳмгузорӣ дар раванди татбиқи ҳамаҷонибаи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат — Солҳои рушди саноат ва истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ – бародарон Тоҷибоевҳо бо харҷи зиёда аз 25 миллион сомонӣ бунёд гардид”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки қаблан талаботи бозори дохилӣ бо ин намуди молу маҳсулот пурра аз ҳисоби воридот таъмин мешуд. Баъди ифтитоҳи корхона имкон аст бештар аз 50 фоизи талаботи бозори дохилӣ бо таҷҳизоти гармидиҳии радиатор, дегҳои гуногунҳаҷм барои рӯзгор ва чароғакҳои равшанидиҳанда аз ҳисоби маҳсулоти худӣ таъмин карда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *