Эмомалӣ роҳбари Филармонияи давлатиро ба суд дод

Эмомалӣ дар ҳамаи консертҳое ,ки Филармония барпо менамуд, ширкат намудааст ва ба дараҷаи касбияти ӯ то имрӯз касе шубҳа надошт.

Эмомалӣ Қосимов, навозандаи 51-солаи тоҷик , собиқ кормандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ки аз кор ронда шудаст, дар мавриди  беасос аз кор ронда шуданаш ба суд муроҷиат намудааст.

Ӯ роҳбари Филармониро  ба суд додааст. Эмомалӣ Қосимов,ки таблакнавози ансамбли “Тарона ва рақс” буд, бе ягон  асоси қонунӣ аз кор ҷавоб додаанд ва ҳоло мехоҳад, ки суд  ӯро ба ҷойи кораш баргардонад.

Дар Филармонияи давлатӣ гуфтаанд, ки Эмомалӣ Қосимов дипломи соҳаи мусиқӣ надорад, аз санҷиши касбӣ нагузашт, аз ин сабаб аз кор озод шуд, бинобар ин  омодаанд, ба ҳамаи суолҳои суд  посух диҳанд.

Тавре Эмомалӣ гуфтааст, Кароматулло Раҳимзода, директори муассиса бидуни огоҳӣ ӯро аз кор озод карда, то ҳол нусхаи фармони аз вазифа барканор карданашро надодааст. Ба қавли вай, аз чанд ҷиҳат ҳуқуқаш поймол шудааст: “Бояд на камтар аз як моҳ пеш маро расман огоҳ мекарданд, фармони аз кор озод намудани ман рӯякӣ ва беасос аст, тайи  18 сол дар филармония кор карда, дар чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ ҳунарнамоӣ намудаам”. Ӯ гуфтааст,ки  диплом надорад ва соли 2006, ки филармония ба корманд ниёз дошт, ба ҳайси мутриби дараҷаи дуюм қабул шуда, то мутриби дараҷаи олӣ расидааст.Бояд гуфт,ки ин таблакнавозро дар сар то сари ҷумҳурӣ мешиносанд ва ӯ дар ҳамаи консертҳое ,ки Филармония  барпо менамуд, ширкат намудааст ва ба дараҷаи касбияти ӯ то имрӯз касе шубҳа надошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *