Эмомалӣ Раҳмон аз Будапеш ба Чехия меравад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар пойтахти Маҷористон — шаҳри Будапешт қарор дорад,  2 декабр бо сафари расмӣ ба Чехия меравад. Ин сафари ҷавобӣ бо даъвати президенти Чехия аст, ки зимни сафараш ба Тоҷикистон садо дода буд.

Тавре  «Азия-Плюс» дар такя  аз як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ додааст, аз рӯи натиҷаҳои сафар ва гуфтушунидҳои Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Чехия Милош Земан имзои як қатор созишномаҳои дуҷониба дар назар аст.

Моҳи  ноябри соли 2014 президенти Чехия Милош Земан бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд. Аз рӯи натиҷаҳои ин сафар Эъломияи муштараки Президенти Тоҷикистон ва Президенти Чехия қабул шуда, ҳамчунин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Чехия; Созишнома миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Чехия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илмҳои тиббӣ ба имзо расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *