Аз ҷабри падар дузду бангӣ шудам

Аз рӯзе, ки худро ёд дорам, падарам шароб менӯшид ва пояш ба лаби гӯр расида бошад ҳам, то ҳол масту аласт мегардад. Ин марди кайҳо ба мӯяш сапедӣ дамида, вале ҳанӯз ҳам аз Худо бехабар на парвои оила дорад, на парвои фарзанд, маънии зиндагиро танҳо дар шишаи шароб мебинад. Ҳамин бепарвоии падарам нисбати тарбияи оилаю тарбияи фарзанд боиси он гашт, ки ман аз кӯчаи одамгарӣ бароям. Дар синни 8 солагӣ сигор кашидам, дар 11-солагӣ нос, дар 15 солагӣ бошад, мазаи бангро чашидам. Корам шабу рӯз кӯчагардӣ буд, вале падарам боре намепурсид, ки фарзанди ман дар куҷосту чӣ ҳол дорад. Оҳиста-оҳиста даст ба дуздӣ задам. Ҳангоми дар синфи панҷ хонданам аз кисаи модарам пул дуздидам ва аз мактаб гурехта ба Истаравшан, сонӣ ба Хуҷанд ва билохира ба Душанбе омадам. Баъди тамом шудани пулҳоям дар сохтмон ба кор даромадам, вале корам омад накарда аз баландӣ афтида, маъюб шудам. Соҳибони бино маро ба духтур бурданд ва пул дода, ҷарроҳӣ карданд, вале баъди аз беморхона баромадан дигар саломатиам имкон надод, ки дар сохтмон кор кунам. Маҷбур шуда ба шаҳри Хуҷанд баргаштам ва дар сехи шакарбарорӣ ба кор даромадам. Хулқи бад дар  ҳамин ҷо низ гиребонгирам гашта, маро боз ба роҳи хато бурд. Аз кисаи раис пул дуздида фирор кардам. Айни замон дар шаҳри Душанбе кор када истодаам, вале зиндагии сагона ба дилам задааст. Охир то ба кай бо дуздӣ рӯз мегузаронам? Чанд бор қасди худкушӣ намудам, вале худованд ҷонамро нагирифт. Се бор худро ба дарёҳои Сир ва Зарафшон партофтам, аммо наҷотам доданд, сӯзан хӯрдам, ҷарроҳӣ карда сӯзанро гирифтанд. Ба назарам чунин мерасад, ки Худованд намехоҳад ман аз ин зиндагии пур аз дарду ранҷу азоб халос шавам, вагарна ҷонамро мегирифт. Сабаби ҳама бадбахтиҳои ман падари майзадаам аст, агар ӯ дил ба шароб надода, мисли дигар падарон моро соҳибӣ мекард, шояд мани ҷавону хом дар зиндагӣ роҳгум зада, дузду бангию авбош намешудам. Ба падарам ки ба синни 64 даромада, то ҳол аз шишаи шароб дил канда наметавонад, нафрат дорам. Нафратам он қадар бузург аст, ки аз рӯйи падарам шуда, касеро аз аҳли хонаводаамон дидан намехоҳам.

Шояд ҳангоме, ки падарам ин сатрҳоро мутолиа мекунад, ман дигар зинда набошам, зеро дилам аз зиндагӣ сард гашта, на ягон орзу дорам, на ҳавасе, ки маро ба зистан водор намояд. Эҳсос мекунам, ки ман ба касе даркор нестам, пас, ин зиндагии бемаънӣ чӣ лозим?! Падардори бепадар

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *