Эмомалӣ Раҳмон ба Бишкек меравад
Президенти Тоҷикистон барои мулоқоти ғайрирасмӣ бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви СПАД ба Бишкек меравад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти президенти Қирғизистон мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони Тоҷикистон, Русия, Белорусия, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон 14-уми апрел дар назар аст.
Ин дар ҳолест, ки 14-уми апрел дар Бишкек инчунин ҷаласаи Шӯрои олии Иттиҳоди АвруОсиё дар назар аст, ки зимни он густариши ҳамкориҳо ва ҳамоиш дар доираи ин созмон баррасӣ мешаванд. Тоҷикистон аз миёни аъзои СПАД ягона кишварест, ки то ҳол ба Иттиҳоди АвруОсиё ворид нашудаст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ҷанбаҳои мусбату манфии узвият дар ин иттиҳодро омӯхта истодаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ