Филми коргардони тоҷик  номзад ба 3 ҷоизаи «АК Илбирс»  

Филми коргардони ҷавони тоҷик Румӣ Шоазимов  “Хоби маймун” барои дарёфти ҷоизаи миллии синамоии Қирғизистон — “АК Илбирс” пешниҳод шудааст.

Бино ба гуфти Румӣ Шоазимов филми ӯ дар дар се бахш —  – “Беҳтарин филми Осиёи Марказӣ”, “Беҳтарин бозигари нақши мард дар Осиёи Марказӣ” ва “Беҳтарин бозигари нақши зан дар Осиёи Марказӣ” номзад гардидааст. «Хоби ҳамдуна» дар ин ҷашнвора бо панҷ филми дигар рақобат мекунад.

Маросими ҷамъбастии  ҷашнвораи “АК Илбирс” имрӯз, 14 апрел дар кинотеатри “Манас” баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *