Эмомалӣ Раҳмон бо Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ карданд
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро дар чорчӯбаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар ин зимн ҷонибҳо ҳамчунин атрофи доираи васеи мавзӯъҳои мубрами дорои хислати байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ