Ҳамрализода ва Усмонзода бо Юки Иной вохӯрданд

Дар толори хурди маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вохӯрии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд ва Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ бо Роҳбари Миссияи Бонки Осиёии Рушд Юки Иной баргузор гардид.
Зимни мулоқот, ки 24 январи соли равон баргузор гардид, ҷонибҳо таҷдиди Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” ибрози андеша намуданд. Раиси Кумитаи сармоягузорӣ Фаррух Ҳамрализод иброз дошт, ки соҳаи энергетика яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, масъалаи таҷдиди Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” яке аз қисматҳои асосиии ислоҳоти соҳаи энергетикии кишвар ба шумор рафта, ҳадаф аз ин рақобатпазир будани маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза — қувваи барқ мебошад.
Роҳбари миссияи Бонки Осиёии Рушд Юки Иной иброз дошт, ки дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд ҷиҳати татбиқи ислоҳоти соҳаи энергетикӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *