Эмомалӣ Раҳмон додани фитри рӯза ба муллоҳои сарватмандро манъ кард
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури қароре додани фитри рӯда ба муллоҳои сарвантманд, афроди доро мамнуъ кардааст. Бар асоси ин қарор фитри рӯза бояд ба афроди ниёзманд ва ятимону маъюбон дода шавад.
Дафтари матбуоти президент дар ин хусус хабар дода, меафзояд, ки ин қарор дирӯз 4, июл ба имзо расид ва яке аз талабҳои он ин аст, ки фитри рӯза танҳо ба ятимон, маъюбон, оилаҳои низманд, бепарастор ва барҷомонда дода шавад.
Гуфта мешавад, ин масъала дар ҷаласаи кории назди президенти Тоҷикистон дар қатори масъалаҳои дохиливу хориҷии кишвар баррасӣ шудааст. Дар шарҳи ин қарор гуфта шудааст, ки “мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар арафаи иди Рамазон чорабиниҳои хайриявиро дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои динӣ амалӣ намоянд.”
Дар пайи судури ин қарор Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Шӯрои уламо, Маркази исломшиносӣ ва Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шудаанд, ки “муҳтаво ва таъиноти фитри рӯзаро ба аҳолии кишвар тарғиб кунанд”.
Пеш аз ин масъулон ва мансабдорони тоҷик дастур гирифта буданд, ки фитри рӯзаашонро ба ашхоси ниёзманд, ба вижа оилаҳои камбизот, ятимону барҷомондаҳо ва бепарасторон бидиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ