Эрдуғон даст доштани Тоҷикон дар таркиши Истанбулро тасдиқ кард

Раҷаб Тайиб Эрдуғон перзиденти Туркия гуфт, дар байни 30 шаҳрвандони хориҷие, ки дар таркишҳои Истанбул гумонбаранд, шаҳрвандони Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон ҳам ҳастанд.

Президенти Туркия дар изҳороте 5 июл гуфт, ки аз оғози таҳқиқи парвандаи созмондиҳандагони ҳамлаҳои ба майдони ҳавоии Туркия 30 нафар боздошт шудаанд, ки шаҳрвандони кишварҳои хориҷа мебошанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳамон рӯзи таркиш чанде аз расонаҳои Туркия, аз ҷумла ҳафтаномаи «Миллият» навишта буд, ки ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамлаҳои майдони ҳавоии Отатурк даст доранд. Аммо бегоҳии ҳамон рӯз расонаҳо хабар нашр намуданд, ки дар таркиши Истанбул се гумонбари дигар аз Қирғизистон, Узбакистон ва Русия гумонбар мешаванд.

Он вақт Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, ки хабари боздошти тоҷикон ва даст доштани онҳо дар таркишҳои Истанбул боварибахш нест.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои Душанбе ва сешанбе мақомоти Туркия ба 17 нафар боздоштшудаҳо, аз ҷумла 11 шаҳрванди Русия барои узвият ба гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ айбнома эълон кардаанд. Ҳамчунин, мақомоти Туркия ба 13 нафари дигар айбнома эълон намуд, ки маълум нест, онҳо шаҳрвандони кадом давлатанд.

Расонаҳо Туркия мегӯянд, дар таркиши хунини Истанбул аксаран шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ даст доранд.

бо пахши изҳороте шоми 30 июн гуфт, ки таркишҳои Истамбул кори дасти шаҳрвандони хориҷӣ мебошад ва дар миёни ҳамлагарон шаҳрвандони Русия, Ӯзбакистон ва Қирғизистон мебошанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.