Маросими видоъ бо Субҳони Саид дар деҳаи Кӯшкаки Ҳисор(аксҳо)

Субҳон Саид, овозхони маъруфи кишвар, маъруф ба булбули Ҳисор, ки аз бемории диабети қанд муддати дароз ранҷ мекашид, ин олами фониро падруд гуфт. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун. Маросими ҷанозаи марҳум соати 11-и пеш аз зуҳри имрӯз, 05-уми июн, дар масҷиди зодгоҳаш деҳаи Кӯшкаки Мазори ноҳияи Ҳисор дар 50 километрии ғарби Душанбе бо имоматии домулло Дилшод баргузор гардид. Қабл аз маросими ҷаноза дар саҳни ҳавлии марҳум дӯстону шогирдон, масъулини шаҳри Ҳисор, аз ҷумла Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, раҳбари ансамбли давлатии Шашмақом Фурқат Саид, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ортиқи Қодир зикри хайри Субҳон Саидро намуда аз Худованди Маннон талаби омурзиши гуноҳҳои ӯро карданд ва ба пайвандону наздикони худораҳматӣ аз Парвардигори муттаъол сабри ҷамил хостанд. Ҷасади Субҳон Саид дар оромгоҳи деҳаи Кӯшкаки Мазор ба хок супурда шуд.
Субҳон Саид баъди дар соли 1992 ба шаҳодат расидани овозхони маъруфи кишвар шодравон Кароматуллоҳ Қурбонов чанд муддат раҳбарии ансамбли эстрадии машҳури «Гулшан»-ро ба уҳда дошт. Аҳмад Зоҳирро устоди маънавии худ медонист. Худи ӯ низ шогирдони зиёдеро тарбия карда ба ҷодаи ҳунар ҳидоят намудааст. Овозхонҳои маъруфи кишвар Фурқати Саид, Бобоҷони Шаҳзод, Садриддини Наҷмиддин, Суҳроби Маҳмуд, Олими Маҳмуд худро аз шогирдони мактаби ҳунарии Субҳон Саид мешуморанд. Субҳон Саид 9 фарзанд дорад. Писаронаш Сайёд, Сорбон, Амиршоҳ ва Муҳаммад низ ба ҳунари мусиқӣ дилбастагӣ дошта дар ҷодаи падар қадам мезананд.
Дӯстони азиз, биёед даст ба дуъо бардорем ва аз Худои бузург талаб кунем, ки руҳи марҳумро шоду хонаи охираташро обод дошта бошад. Ба аҳли хонадон ва дигар пайвандонаш сабри ҷамил бидиҳад. Омин ё Раббалъоламин!


Матн ва акс аз саҳифаи фейсбуки Султони Ҳамад гирифта шуд 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.