Эмомали Раҳмон раиси ИДМ мешавад
Русия роҳбарӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба Тоҷикистон вогузор мекунад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон 11-уми октябр дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Сочӣ нақшаҳои Тоҷикистонро замони роҳбарияш дар ин созмон баён намуд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст, ки дар соҳаи энергетика тақвияти кӯшишҳо оид ба ҷоннокунии ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои сарфаи энергия ва барқарорсозии фаъолияти мувозии низоми электроэнергетикии давлатҳои иштирокдори ИДМ ҳадафи афзалиятнок мегардад: “Дар баробари ин, мо тасмим дорем, ки ҳамкориро дар азхудкунии манбаъҳои барқароршавандаи энергия рушд диҳем”.
Ӯ барои ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкории байни кишварҳои ИДМ густариши ҳамлу нақл тариқи автомобилӣ ва роҳи оҳанро зарур хондааст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон рушди муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва муҳоҷиратро яке аз вазифаҳои муҳими кишварҳои ИДМ хондааст.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки масъалаҳои таъмини амният ва субот дар давраи раёсати Тоҷикистон чун аввалият боқӣ мемонанд: “Мо бо ҳар тарз ба татбиқи амалии қарорҳо ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ доир ба мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳо, ки дар доираи Иттиҳод қабул шудаанд, мусоидат мекунем. Ин, терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар навъҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мебошанд”.
Дар самти мукаммал сохтани фаъолияти мақомоти ИДМ кор доир ба мутобиқсозии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба воқеиятҳои муосир идома дода мешавад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳори боварӣ намудааст, ки кӯшишҳои муштарак ба таҳкими муносибатҳои бисёрҷониба дар доираи Иттиҳод мусоидат хоҳанд кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ