Теғи додар ба синаи ака

Як марди 39-солаи сокини Душанбе рӯзи 11 октябр дар бозори «Саховат” ба бадани бародари 41-солааш аз шаҳри Кӯлоб корд задааст. Марди захмиро бо ҷароҳати вазнин ба бемористон бурда, додари кордзанашро дастгир кардаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 12 октябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон:

Бародар ба бародар раҳм накард

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 41-солаи сокини шаҳри Кӯлоб муроҷиат намудааст, ки 11-уми октябри соли 2017, тахминан соати 15:30- дақиқа, бародараш, марди 39-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии ноҳияи мазкур дар дохили бозори «Саховат”-и шаҳри Душанбе бо корди дар дасташ буда, ӯро 1-маротиба задааст.

Дар натиҷа номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Бародари марди ҷабрдида бо гумони авбошӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ҳалокати писарбача дар садамаи марговар

11-уми октябри соли 2017, тахминан соати 13:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ЗИЛ”, Турсунов Шерзод Тоҷмаҳмадович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Фалакони ноҳияи Рӯдакӣ дар рӯ ба рӯи мағозаи хӯроквории «Мадина” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Усмонов Муҳсиддин Ғуломович, соли таваллудаш 2008, сокини деҳаи Фалакон, хонандаи синфи 3-юми МТМУ №24-ро пахш намудааст.

Мутаассифона пиёдагарди ноболиғ бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Ба гарав гузоштани хонаи каси дигар

Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 53-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2014, марди 48-солаи сокини кӯчаи Мастонгули пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, ҳуҷҷатҳои хонаи истиқоматиашро дар бонки хӯрди молиявӣ ба гарав монда, аз бонки мазкур 150000-сомониро гирифта, то ҳол маблағашро ба бонк насупоридааст.

Марди гумонбаршуда ба қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дуздидани чорвои зани солхӯрда

Ба ШВКД дар ноҳияи Темурмалик зани 67-солаи сокини ноҳияи мазкур дар он хусус муроҷиат намудааст, ки санаи 8-уми октябри соли 2017, тахминан соати 07:00-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи маҳаллаи Қоқобод, 3-сар чорвои калони шохдорашро, ки арзишашон 8000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ноҳияи Темурмаликро, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.
Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *