Эмомали Раҳмон дар н. Ҳамадонӣ

Имрӯз 27- уми июли соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ташриф оварда, як қатор иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣро ифтитоҳ кард.

Аз руи гуфти хадамоти матбуоти сарвари давлат, президенти мамлакат нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани хати нави оби нӯшокӣ дар маркази ноҳия иштирок кард.

Хати нави оби нӯшокӣ дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани таъмини оби нӯшокии аҳолии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарзи бебозгашти Ҳукумати Ҷопон амалӣ гардида барои беҳтар намудани ҳолати таъмини оби нӯшокии марказ ва зиёда аз 20 деҳаи ноҳия пешбинӣ шудааст. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 16 миллион доллари ИМА аст.

Дар маркази ноҳия Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияро ифтитоҳ намуд. Маблағи умумии бунёди бинои Шуъбаи маориф, ки аз 3 ошёна иборат аст 2 миллиону 70 ҳазор сомониро мебошад. Аз ҳисоби буҷаи ноҳия 1 миллиону 60 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм 1 миллиону 10 ҳазор сомонӣ харҷ  шудааст.

Дар маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сарвари давлат инчунин бинои нави Нозироти андози ноҳияро расман ифтитоҳ намуд. Бинои нав аз ду ошёна ва 8 утоқи кории барҳаво, толори маҷлисгоҳ бо 60 ҷойи нишаст, таҳхона, ошхона ва идораи бойгонӣ иборат буда, бо тарҳу услуби нави меъморӣ бунёд шудааст. Бинои нозирот бо муосиртарин шароити корӣ, аз ҷумла бо таҷҳизоти навтарини хизматрасонӣ таъмин мебошад.

Дар ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ ва дастовардҳои меҳнаткашони ноҳия шинос шуд. Сарвари давлат зимни боздид аз ин хоҷагӣ иброз дошт, ки заминҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳосилхезанд ва ҳар як ваҷаби он бояд самаранок истифода шавад. Эмомалӣ Раҳмон инчунин бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Дилшоди Шариф» шинос гардид.

Пас аз шиносоӣ бо корҳои саҳроӣ дар ҳамин ҷо инчунин намоиши дастовардҳои деҳқонони ноҳия баргузор гардида, Эмомалӣ Раҳмон баъди тамошои намоишгоҳи дастранҷи меҳнаткашон ба онҳо барору комёбӣ ва дар кори пуршарафи ризқофарӣ муваффақиятҳо хост.

Дар ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳия Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-ро барои 624 хонанда дар як баст ифтитоҳ намуд. Барои беҳтар кардани сифати таълиму тарбия дар мактаби нав 23 синфхонаи барҳаво, лабаратория, синфхонаҳои компютерӣ, китобхона, толори маҷлис бо 260 ҷойи нишаст, толори варзиш ва ошхона бо 200 ҷой муҳайё гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *