Обид Асомов ба Тоҷикистон меояд, аммо…

  Обид Асомов- ҳунарманди маъруфи Ӯзбекистон ки инак қариби як даҳсола муқими Русия аст, рӯзи 28-уми июл вориди Душанбе мешавад.

  Ҷонибек Муродов, ҳунарманди маъруфи тоҷик гуфт, ки дар шумораи навбатии барномаи фарҳангӣ- фароғатии интернетияш- «Шоми Душанбе», ки шоми 28-уми июл дар «Кохи Малика» баргузор мегардад,  ин навбат ҳунарманди маъруфи Ӯзбекистон Обид Асомов меҳмон мешавад:

« Мо бо Обид Асомов дӯстони дерина ҳастем. Хонаводаи мо бо устод робитаи хуби дӯстию ҳамкорӣ дорад. Аснои сафари навбатиям ба Русия ман бо Обид Асомов вохӯрда, ӯро ба барномаам даъват намудам ва ӯ рад накарда, гуфт, ки санаи пахшро муайян кунам, ӯ ҳатман хоҳад омад. Ва чунончӣ мебинед, акси ӯ дар банери пахши навбатии «Шоми Душанбе» нашр гардидааст».

Мавриди зикр аст, ки “Шоми Душанбе” бо ташаббуси студияи JM Production таҳия шуда, танҳо тавассути шабакаи ҷаҳонӣ дастрас аст ва дар телевизионҳои дохилии Тоҷикистон намоиш дода намешавад. Ҳадафи ин барнома – муаррифӣ ва  таблиғи ҳунари попи тоҷик аст.

 Пештар аз ин дар пахшҳои қаблии «Шоми Душанбе» гурӯҳҳои ҳунарии “КВН Тоҷикистон”, театр-студияи “Хандинкамон” табъи ҳозиронро хуш гардонида, пайваста бо меҳмонҳои даъватшудаи ин маҳфил – овозхон ва чеҳраҳои маъруфи ҳунар мусоҳибаву шӯхиҳо мекарданд.

«Идеяи ин барнома аз “Комеди Клаб”-и русӣ гирифта шудааст, ки дар навбати худ як шакли барномаи тафреҳии телевизионии амрикоист. Ин барнома танҳову танҳо бо ҳадафи тафреҳ, хушгузаронӣ, дастригиву таблиғи ҳунари попи тоҷик таҳия мешавад»- мегӯяд  Ҷонибек Муродов.

Дар барномаи наврӯзии “Шоми Душанбе” ҳунармандони маъруфе мисли Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Сурайё Қосимова, Ҷӯрабек Муродов ва дигар ситораҳо ширкат доштанд.  Дар нашри сеюми барнома бошад, Имомалишои Муборакшо, писари овозхони зиндаёд Муборакшоҳ Мирзошоев муаррифӣ шудааст. Барнома ба ду забон – тоҷикиву русӣ ҷараён мегирад ва ба гуфтаи муаллифонаш, ҳадаф дорад доираҳои мухталифи тамошобинро ҷалб кунад.

Ҷонибек Муродов мегӯяд, ки ҳадаф надорад ин барномаро барои намоиши телевизионӣ пешниҳод кунад ва бо ҳамин шакли тақдимаш тавассути Интернет қаноат мекунад. Вай умедвор аст, ки ин барнома дар ниҳоят аз ҷониби доираи васеи тамошобинон қобили қабул мешавад, чун ҳеҷ “паём ва ё рисолати баде надорад, танҳо ҳадафаш дилхушиву тафреҳ аст”. Тамоми хароҷоти таҳияи барнома ва эҷоди сенарияи он ба дӯши кормандони ширкати JM Production аст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

12 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *