Ҷен Ху А: Ман гаравгони “Ориёнбонк”  шудам

Суди  олии иқтисодии Тоҷикистон ба баррасии баҳси ширкати чинии “Лен Ху А” шуруъ кардааст.

Ин ширкат иддао дорад, ки коршарикони тоҷикаш бо фиреб корхонаи сурмаашро ғасб кардаанд.Мавлуда Қаландарзода, раиси Суди олиии иқтисодӣ рӯзи 26 июл дар нишасти хабарӣ гуфт, ин баҳс нахуст дар Суди  иқтисодии Душанбе баррасӣ шуд ва ҷонибҳо аз натиҷаҳои он ба Суди олии иқтисодӣ шикояти касатсионӣ бурданд.Ба қавли Қаландарзода, Суди олии иқтисодӣ то ҳол дар бораи ин баҳс хулосаи худро нагуфтааст ва баррасии он идома дорад. Баҳси ширкати “Лен Ху А”, «Азия-тур» ва “Ориёнбонк” аз ду сол ба ин тараф идома дорад.Масъулини ширкати “Лен Ху А” иддао дорад, ки корхонаи истихроҷи сурма, ки дар мавзеи Чойруқдарони шаҳри Гулистон (Қайроққуми пешин) сохта шуда буд, мавриди ғасби рейдерӣ қарор гирифтааст.Ҷен Ху А, соҳибкори чинӣ дар Тоҷикистон, молики ширкати “Лен Ху А” ва “Маркази фарҳангии Хитой ва Тоҷикистон” гуфта буд, корхонаи истихроҷи сурмаро бо харҷи 1 миллион доллар бунёд карда буд. Ба иддаои Ҷен Ху А, роҳбари “Азия-тур” – як ширкати коршарикаш бо тақаллуби чанд ҳуҷҷат корхона ва чанде аз моликияти дигари ӯро гирифтааст ва ҳамакнун корхонаи ӯ дар гарави “Ориёнбонк” дармондааст.Ба таъкиди Ҷен Ху А моликияти ӯ тавассути як нақшаи қаблан тарҳрезишуда миёни як ширкат ва бонк сурат гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, Каромат Содиқова ном тоҷири тоҷик, ки молики ширкати “Азия-тур” аст, бо як “мактуби кафолатии тақаллубӣ” аз “Ориёнбонк” наздик ба як миллион сомонӣ қарз гирифта, онро барнагардондааст. Дар натиҷа бонк пардохти қарзи ин ширкатро аз соҳибкори чинӣ Ҷен Ху А талаб кардааст

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *