Дар шаш моҳ 443 ҷасад аз Руссия омад

Дар шаш моҳи сипаригардида 251 247 нафар бо мақсади  муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар намуданд, ки аз ин шумора зиёда 32 ҳазорашонро занон ташкил медиҳанд. Сафари шаҳрвандон (муҳоҷирони меҳнатӣ) ба хориҷи кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3% зиёд шудааст. Айни замон зиёда аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Федератсияи Руссия ҳастанд, ки қисми зиёдашонро муҳоҷирон ташкил медиҳанд — иброз намуд, Вазири  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода, зимни нишасти хабарӣ.

Номбурда иброз дошт, ки тули шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз Федератсияи Руссия 443 ҷасад оварда шудааст, ки сабабҳои маргашон гуногун аст.

Тағойзода гуфт, ки дар дар нимсолаи аввали соли 2018 барои 2056 нафар шаҳрванди бекор ба миқдори зиёда аз 6 миллион кумакпулӣ дода шудааст. Дар ҳудуди Ҷумҳурӣ 88 ҳазор корхона фаъолият мекунад ва  дар ин муддат 124 корхона аз фаъолият боз монданд, баъди ин 11 672 ҷои кор барҳам хӯрдааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *