Эрдуғон кист? Аз лимонадфурӯшӣ то президентӣ

Дар даври дуюми интихобот, ки рӯзи 28-уми май баргузор гардид, Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо касби 52% оро ё 26 млн раъй курсии президентиро барои 5 соли дигар ишғол кард. Номзади мухолифон Камол Қиличдороғлу 48% оро ё бештар аз 23 млн раъйро ба даст оварда, шикаст хӯрд.

Мавқеи Қиличдороғлу

Қиличдороғлу ин интихоботро «ноодилонатарин тайи солҳои гузашта» хонда, эъломи идомаи мубориза бо Эрдуғонро кард. Қиличдороғлу дар пайи уфти қурби лири Туркия нисбати «мушкилоте, ки дар интизори Туркия аст», ҳушдор дод.

Эрдуғон ба ҷамъомадагон дар майдони назди деворҳои қасри худ гуфт: «Дар ин интихобот, ки яке аз муҳимтарин дар таърихи Туркия буд, мардуми мо барои як садсолаи Туркия овоз доданд».

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 14-уми май дар Туркия интихоботи президентӣ ва парлумонӣ баргузор шуд. Тибқи гузориши расонаҳои Туркия, пас аз шумориши оро дар интихоботи парлумонӣ, “Эътилофи ҷумҳурихоҳон” бо раҳбарии “Ҳизби Адолат ва Рушд”, ки роҳбараш Эрдуғон аст, 49,3% ё тақрибан 322 курсиро аз 600 курсии парлумон ба даст овард. Дар интихоботи президентӣ бошад, Эрдуғон 49,52% овозро ба даст оварда буд.

«Эътилофи мардумӣ»-и мухолифон ба раҳбарии “Ҳизби Ҷумҳурии Халқ” Камол Қиличдароғлу 35,19% ё тақрибан 212 курсиро дар парлумон ба даст овардаанд. Ҳамзамон дар интихоботи президентӣ Қиличдароғлу 44,75% ороро ба даст оварда буд.

Бино бар сабабе, ки ягон номзад зиёда аз 50% овоз нагирифт, даври дуюми интихоботи президентӣ баргузор шуд.

Оҷорӣ ё турк?

Раҷаб Тайиб Эрдуғон 26-уми феврали соли 1956 дар маҳаллаи Қосимпошои ноҳияи Бейоғлуи шаҳри Истамбул дар оилаи муҳофиз ба дунё омада, давраи кӯдакияш дар вилояти Ризо ва шаҳри Истамбул гузаштааст. Ӯ соли 2003 худро аз халқияти оҷории Гурҷистон гуфта буд, вале баъдтар соли 2014 ин гуфтаашро мункир шуд. Бархе мегӯянд, ки асолати арманӣ дорад. Дар даврони наврасиаш дар кӯчаҳои ноороми шаҳр лимонаду бӯлка мефурӯхт. Соли 1965 мактаби ибтидоии Пиёлапошо, 1973 литсейи динии имомхатибонро хатм мекунад. Дар ҷавонӣ футболбози нимакасбӣ низ будааст, вале бо монеаи падараш аз он даст мекашад.

Соли 1976 Эрдуғон раиси бахши ҷавонони Ҳизби наҷоти миллӣ дар ноҳияи Бейоғлу ва баъдтар худи ҳамон сол дар сатҳи шаҳрии ҳамин вазифа таъйин мешавад. Соли 1978 бо Амина Гулборон издивоҷ мекунад. То соли 1980 дар созмонҳои нақлиётии Истамбул кор мекунад. Соли 1980 дар Туркия табаддулоти низомӣ сурат гирифта, дар пайи он фаъолияти ҳизбҳои дигар мамнуъ мегардад. Дар ҳамин сол роҳбари Эрдуғон дар шурои шаҳрии нақлиёт ба ӯ амр медиҳад, ки бурутҳояшро тарошад, вале Эрдуғон нофармонӣ карда, аз кор ронда мешавад. Пас аз ин ҳодиса дар якчанд корхонаи хусусӣ менеҷер кор карда, соли 1981 факултаи иқтисод ва тиҷорати Донишгоҳи Мармараи Истамбулро хатм мекунад. Соли 1984 Раиси шуъбаи Ҳизби Рафоҳ дар Бейоғлу ва баъдан дар Истамбул интихоб мешавад.

Дар моварои сиёсат

Соли 1994 шаҳрдори Истамбул интихоб мешавад. Соли 1997 Ҳизби рифоҳ бо сабаби ташкили эътилофи исломӣ баста шуда, Эрдуғон бошад, ба ҷурми «барангехтани зӯроварӣ ва бадбинии динию нажодӣ» 4 моҳ зиндонӣ мешавад. Эрдуғон соли 2001 Ҳизби Адолат ва Рушдро таъсис дода, соли 2002 дар интихоботи парлумонӣ пирӯз мегардад. Вале аз сабаби доштани доғи судӣ ӯ сарвазир шуда наметавонад. Баъд аз амалиёти зидди курдҳои Ироқ ҳукумати Туркия ӯро сафед карда, Сарвазир таъйин мекунад.

Соли 2005 Эътилофи тамаддунҳо — иқдоми сарвазири Испанияро, ки ба коҳиши ихтилофоти миёни Ҷаҳони Ислом ва Ғарб нигаронида шуда буд, дастгирӣ карда, соли 2009 бошад, дар ҳамоиши иқтисодии ҷаҳонӣ президенти Исроил Шимон Пересро барои таҷовуз ба хоки Фаластин ва дар Ҳаштгонаи бузург Чинро барои фурӯнишонии шӯриши ӯйғурҳо сахт маҳкум мекунад.

Соли 2009 Эрдуғон бо истифода аз нигоҳу арзишҳои исломӣ ба низои 30-солаи туркҳову курдҳо хотима дода, қатли оми арманҳою юнониҳоро аз ҷониби туркҳо рад мекунад.

Соли 2014 дар интихоботи президентӣ пирӯз шуда, аввалин сафарашро ба ҳайси президент ба Ҷумҳурии туркии Кипри Шимолӣ анҷом медиҳад. Июли соли 2016 бо талоши мухолифи Эрдуғон Фатҳулло Гюлен кӯшиши гузаронидани табаддулоти низомӣ сурат мегирад, вале ин кор нобарор меанҷомад. Дар пайи ин ҳодиса Эрдуғон мехоҳад, ки ҳукми қатл қонунӣ карда шавад, аммо ба вокуниши тунди кишварҳои ғарб мувоҷеҳ мегардад. Эрдуғон соли 2018 раиси ҳизби ҳоким таъйин мешавад.

Дар давраи сарвазирии ӯ ММД-и Туркия 64% ва афзоиши он ба ҳар сари аҳолӣ 43% афзуда, қурби пули миллии туркӣ нисбати доллар устувор буд. Барои соҳаи маориф соли 2002-юм 7,5 ва 2011-ум 34 млрд лира ҷудо ва муҳлати таҳсилоти ҳатмӣ аз 8 ба 12 сол расонида шуд. Соли 2004 китобҳои дарсӣ ройгон шуда, дар ҳар як вилояти Туркия донишгоҳ кушода шуд, ки аз ин сабаб теъдоди донишгоҳҳо аз 98 ба 186 расид.

Боз Президент

Соли 2017 дар Туркия ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида шуд. Тибқи Конститутсияи нав кишвар аз ҷумҳурии парлумонӣ ба президентӣ гузашт. Соли 2018 интихоботи пеш аз муҳлат гузаронида шуд, ки дар натиҷа Эрдуғон бо гирифтани 52% раъй дубора курсиро соҳиб шуд. 

Дар давраи президентии ӯ ММД-и Туркия 8% дар сол ва даромад бар ҳар сари аҳолӣ се баробар афзуд. Дар даҳсолаи дуюми ҳукмронии Эрдуғон рушди иқтисоди Туркия суст шуд, афзоиши ММД ба ҳар сари аҳолӣ қатъ шуда, нархҳо боло рафтанд. Эрдуғон тайи солҳои раёсаташ Туркияро ба як давлати исломӣ табдил дода, мамнуъияти рӯсарӣ ва ҳиҷобро лағв кард ва як калисои Византияро ба масҷиди Айя-София табдил дод. Эрдуғон бар зидди феминизм, баробарии гендерӣ баромад карда, пешниҳод кард, ки зиноро ҷиноят эълон карда, мусулмононро даъват кард, ки аз нақшаи оила даст кашанд. Эрдуғон ба сиёсати қарзии Бонки марказӣ дахолат кард, ки боиси буҳрони иқтисодии соли 2018, паст шудани сатҳи зиндагӣ ва коҳиши назарраси маъруфияти ӯ гардид.

Эрдуғон соҳиби беш аз 30 мукофоти олии кишварҳои хориҷӣ ва даҳҳо унвони ҳориҷӣ аст. Ӯ 12-умин президенти Туркия буда, 20 сол инҷониб ҳукуматро дар даст дорад. Нигоҳи ӯ ба сиёсати хориҷӣ нигоҳи консервативии иҷтимоӣ ва мардумӣ аст. Ӯ соҳиби 4 фарзанд аст.

21-уми марти имсол Эрдуғон расман ба мақоми президентии Туркия барои давраи нав номзадиашро пешбарӣ кард. Тибқи Қонуни асосии Туркия, як нафар метавонад на бештар аз ду маротиба пайиҳам президент интихоб шавад. Вазорати адлияи кишвар севумин номзадии Эрдуғонро ба курсии президентӣ қонунӣ эътироф кард. Инро чунин шарҳ медиҳанд, ки пас аз ислоҳот ба Қонуни асосӣ дар соли 2017, ки шакли идораи кишвар президентӣ шуд, Эрдуғон танҳо як маротиба дар интихобот ширкат кардааст, аз ин рӯ, дар соли 2023 метавонад дубора дар интихобот ширкат кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *