Эрдуғон аз Путин барои суқут додани ҷангандаи СУ-24 узрхоҳӣ кард

Раҷаб Тайиб Эрудғон, раисҷумҳури Тукрия аз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба хотири суқут додани ҷангандаи Су-24 дар марзи Сурия бо ин кишвар узрхоҳӣ кардааст.

Дмитрий Песков, сухангӯи кохи Кремлин эълом кард, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, кушта шудани халабони русӣ дар ҳодисаи сарнагунии ҷангандаи СУ-24 дар моҳи ноябри соли гузаштаро таслият гуфтааст.

Бино бар гузориши хабаргузории «Спутник«, Песков ҳамчунин таъкид кард, ки Ардуғон «мутаъассиф аст» ва тамоюл дорад, то ба бӯҳрони эҷодшуда дар равобити миёни ду кишвар расидагӣ кунад.

Бар асоси ин гузориш, дар торихи 24 ноябри соли 2015 як фарванд ҷангандаи русии СУ-24 тавассути ҷангандаҳои F-16-и Туркия дар хоки Сурия ҳадаф қарор гирифта ва сарнагун шуд. Яке аз ду халабони ин ҷангандаи русӣ дар ин ҳодиса ҷони худро аз даст дод.

Бино бар ин гузориш, Олег Пешков, халабони русӣ, ки ҷони худро дар ин ҳодиса аз даст дод, пас аз ҳадаф қарор гирифтани ҷанганда муваффақ шуда буд аз ҳавопаймо хориҷ шавад, аммо як гурӯҳи шибҳинизомии мусаллаҳ вайро ҳадаф қарор дода ва ба қатл мерасонад.

Узрхоҳии Эрдуғон дар ҳолест, ки Русия ба хотири суқут додани ҷангандаи Су-24 таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Туркия ҷорӣ карда буд. Шарти Русия барои одисозии равобит бо Туркия ин буд, ки бояд Туркия аз ҷониби Русия узрхоҳӣ кунад.

Эрдуғон дар он шабу рӯз гуфта буд, ки мо дар мавқеи худ ҳаққем ва аз Русия узрхоҳӣ нахоҳем кард. Вале Русия исрор дошт, ки танҳо роҳи одисозии дубораи равобит ин узрхоҳӣ аз Русия аст.

Ҳоло Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз Путин узрхоҳӣ кардааст. Чанде қабл Эрдуғон паёми дустона ҳам ба Путин ирсол карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *