Гузориши лаҳза ба лаҳза аз ҷашни тантанавӣ дар Хорӯғ

Қарор аст, бегоҳии имрӯз дар Маҷлисгоҳи шаҳри Хорӯғ соати 19:00 ҷашни тантанавии Рӯзи Ваҳдат оғоз шавад.

Оғози барнома чунин аст: Нахуст қатори мошинҳо вориди Маҷлисгоҳи шаҳри Хорӯғ мешаванд. Аз мошин президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдат, пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон берун меояд. Ба истиқболи ӯ мавқи кафкубиҳо ба фалак мепечанд. Президент ба минбар боло мешавад ва ҷашни ваҳдатро оғоз мекунад.

Гуфта мешавад, дар ин намоиши театрикунанидашуда беш аз 19 ҳазор нафар сокинони вилоят ва меҳмонон аз тамоми канору гӯшаи ҷумҳурӣ ширкат мекунанд. Намоиши театрикунонидашуда бо ширкати 4,5 ҳазор санъаткорон ва дигар шахсони ба ин кор ҷалбшуда баргузор мешавад. Намоиши театрикунонидашуда 2, 5 соат давом хоҳад кард.

Меҳмонон аз корпусҳои дипломатӣ, ба вижа сафирони бархе кишварҳо низ дар ин намоиш ширкат хоҳанд кард. Қатори мошинҳои сафирон ва корпусҳои дипломатӣ имрӯз ба шаҳри Хорӯғ расид.

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон ҳазр сол Ҷашни Ваҳади миллӣ рӯзи 27-уми июн ҷашн гирифта мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *