Эрдуғон мехоҳад ҳукми қатлро эҳё кунад
Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия баъди «пирӯзии комил» дар раъйпурсии 16 апрел амалӣ кардани стратегияашро рӯи даст гирифт. Каме бештар аз нисфи раъйдиҳандагон аз тақвият ёфтани ҳокимияти президент ва шакли президентии кишвар ҳимоят карданд. Шакли идораи Туркия дар ҳоли ҳозир порлумонист.
Миёни нахустин қадамҳое, ки Эрдуғон тасмим дорад амалӣ кунад, омодагӣ ба эҳёи ҳукми қатл аст. Агар талошҳои Эрдуғон бор оваранд, мумкин аст, гуфтугӯҳои пайвастшавии Туркия ба Иттиҳоди Аврупо мушкилтар шаванд. Дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳукми қатл ҷорӣ нест.
Комиссияи марказии интихоботии Туркия шаби 16 апрел эълон кард, ки 51,3 дарсади райъдиҳандагон аз тағйироти конститутсионӣ ҷонибдорӣ карданд. 25 миллион интихобкунанда аз шакли президентии идораи ҳукумат ҷонибдорӣ ва 24 миллион мухолифат кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ