Эрон автобусҳои Тоҷикистонро раҳо кард

 Эрон чиҳил мусофирбари (автобуси) Тоҷикистонро, ки чанд муддат боз дар гузаргоҳи марзии «Бозаргон» нигоҳ медошт, раҳо кардааст. Масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтанд, ки ин мусофирбарҳоро аз Туркия харидаанд ва баъди расидан ба Душанбе мавриди истифодаи умум қарор хоҳанд гирифт.

​Худоёр Худоёров, вазири нақлиёт гуфтааст,ки  ки таваққуфи мусофирбарҳо аз тарафи маъмурони гумруки Эрон ҳеҷ ангезаи сиёсӣ надошта, балки як мушкили техникӣ будааст. Тарафи Эрон то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд ва маълум нест, ки воқеан боздошти ин миқдор мусофирбарҳои харидаи Тоҷикистон ба чӣ далел сурат гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *