Нашъаҷаллоб ё қурбони шиканҷаи милисаҳо?

 

Суди ноҳияи Шоҳмансур парвандаи 3 гунаҳгор дар нашъаҷалобиро ба баррасӣ гирифтааст, ки иддао доранд, кормандони милиса зери ҷараёни барқ онҳоро водор кардаанд, то гуноҳро ба гардан гиранд. 

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ иттилоъ додааст, ки Сайфиддин Исломов, падари қурбонии эҳтимолии шиканҷа Ҷонибек Сайфиддинов, ки ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир айбдор мешавад, ба ин созмон муроҷиат карда, хостори кӯмак шудааст: “Аз рӯи ин парванда боз ду нафари дигар айбдор мешаванд”.
Адвокати Эътилоф Гулчеҳра Холматова, ки ба айбдоршавандаҳо хизмати ҳуқуқӣ мерасонад, иттилоъ дод, ки 2-юми феврали имсол дар ноҳияи Ёвон ҳангоми истифодаи маводи нашъадори ҳашиш яке аз айбдоршавандаҳо — Ёсин Меликов боздошт карда шуд: “Дар ду рӯзи баъд ду нафари дигар — Насим Кукиев ва Ҷонибек Сайфиддинов боздошт гардиданд”.
«Ҳамаи се нафар дар суд амалан ҳолати якхелаи боздошташонро нақл карданд, ки чи тавр чор нафар дар либоси мулкӣ (баъдтар мефаҳманд, ки онҳо кормандони ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансур будаанд) бе нишон додани ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияташон бо тундӣ онҳоро ба мошин шинонда, ба ҳуҷрае воқеъ дар ошёнаи 3-юми бинои ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мебаранд. Онҳо нақл карданд, ки чи тавр бо мақсади гирифтани нишондоди иқроршавӣ дар содир кардани ҷиноят бо дасту пой ба ишкамашон заданд ва дар ангуштонашон қувваи барқ монданд. Меликов ва Кукиев дарди заҳматоварро тоқат накарда, ба содир намудани ҷиноят иқрор кардаанд»,- зикр намуд адвокат.
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ бо ишора ба нақзи ҷиддии меъёрҳо ҳангоми боздошти нафарони номбаршуда ёдовар мешавад, ки мувофиқи Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ, ягон кас набояд ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона гирифтор карда шавад. Мурофиаи судии навбатӣ аз рӯи ин парванда 7-уми апрели соли 2017, соати 14:00 дар бинои Суди ноҳияи Шоҳмансур баргузор мегардад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *