Эрон: Раҳошавии зани ҳиҷобкаш аз зиндон

Зане, ки моҳи гузашта дар Теҳрон баъди эътирози сулҳомезаш зидди ҳиҷоби иҷборӣ боздошт шуда буд, раҳо гардид. «Духтари дар хиёбони Инқилоб боздоштшуда, озод шуд», — навишт вакили дифоъ ва ҳомии ҳуқуқ Насрин Сутуда дар саҳифаи Фейсбук.

Наворе, ки дар он зани беҳиҷоб дар хиёбони Инқиболи шаҳри Теҳрон истодааст, 27 декабр дар Интернет нашр шуд. Номи ин зан зикр намешавад. Вай дар навор хомӯшона рӯймоли сафедро алвонҷ медиҳад ва ошкоро зидди ҳиҷоби иҷборӣ эътироз мекунад.

Насрин Сутуда хабар дод, ки барои огоҳӣ пайдо кардан аз парвандаи зани боздоштшуда ба додситонӣ рафтааст, вале дар додситонӣ гуфтанд, он занро 27 январ раҳо кардаанд. «Ман умедворам, ки нисбати ӯ парванда накушодаанд ва барои амалисозии ҳуқуқҳои табиияш ба вай зиён нарасондаанд», — навишт Насрин Сутуда.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *