Соҳибкорзанро ваҳшиёна кушт

Бо иттиҳоми куштори соҳибкор Мавзуна Ҳакимова дар шаҳри Қӯрғонтеппа амакбачааш Ҷамшед Ҳакимовро дастгир кардаанд. Мавзуна Ҳакимова, ки ба тиҷорати меваи хушк машғул буд, рӯзи 6 январ ҳамони ҷамъоварии пули маҳсулоташ аз фурӯшандагони бозорҳои Қӯрғонтеппа кушта шуд. Қотил аз ҷайби зани бечора ҳамагӣ 400 сомонӣ ёфтааст.

Искандар Солеҳзода, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 30 январ ба хабаргузории «Азия Плюс” хабар дод, ки мақомоти милисаи шаҳри Қӯрғонтеппа куштори зани соҳибкор Мавзуна Ҳакимоваро ошкор кардаанд.

Искандар Солеҳзода гуфт, бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят як хешованди наздики зани кушташуда дастгир шудааст: «Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ бо гумони содир кардани ин ҷиноят амакбачаи Мавзуна Ҳакимова – Ҷамшед Ҳакимов – дастгир шуд. Ҷамшед Ҳакимов қаблан бар асоси моддаи 139-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба 16 соли зиндон маҳкум шуда буд.”

Ҷузъиёти парвандаи қаблии Ҷамшед Ҳакимов маълум нест, вале моддаи 139-уми Кодекси ҷиноятӣ барои ҳаракати зӯроварии шаҳвонӣ нисбат ба ноболиғи синнаш бараъло ба 14 норасида ваё дар ҳолати ретсидиви махсусан хафвнок чунин ҳукми тӯлонии зиндонро пешбинӣ мекунад.

Мавзуна Ҳакимова ба тиҷорати меваи хушк машғул буд ва ин маҳсулотро аз вилояти Суғд оварда, дар бозорҳои шаҳри Қӯрғонтеппа тақсим мекард.

Искандар Солеҳзода гуфт, ки қотил куштори ин зани соҳибкорро аз пеш нақша кашидааст: «Мавзуна Ҳакимова маҳсулоташро ба фурӯшандагон тақсим мекард ва ҳар ҳафта дар як рӯзи муайян пули маҳсулоташро аз онҳо ҷамъ меовард. Гумонбар рӯз ва тартиби пулашро ҷамъ овардани ӯро медонист ва аз пеш ин ҷиноятро нақшакашӣ карда, рӯзи 6 январ бо ҳадафи ғоратгарӣ ба ин духтар ҳамла овардааст.”

Аммо, мегӯянд мақомот, қотил баъди куштани Мавзуна Ҳакимова аз ҷайби ӯ ҳамагӣ 400 сомонӣ ёфта, ба яғмо бурдааст.

Сардори милисаи вилояти Хатлон ба «Азия Плюс” гуфт, дар ҷараёни тафтиш чанд фарзия санҷида шуда, чандин гумонбар мавриди бозпурсӣ қарор гирифтанд: «Як гумонбарро мо ҳатто аз Русия овардем. Вале дар натиҷаи ташхиси биологӣ ба мо муяссар шуд, ки гумонбари асосиро пайдо кунем. Дар либоси Ҷамшед Ҳакимов изи хуне пайдо шуд, ки бо хуни зани кушташуда мувофиқ аст.”

Ба зидди Ҷамшед Ҳакимов бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон — қисми дуюми моддаи 104 (куштор) ва моддаи 249 (роҳзанӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба ӯ барои роҳзанӣ то 15 соли зиндон ва барои куштор аз 15 то 25 соли зиндон таҳдид мекунад.

Манбаъ: Азия плюс

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *