Эрон: Ҳукми қатл гирифтани 8 узви «Давлати исломӣ»
Додгоҳи инқилоби исломии Эрон ҳашт мардро дар робита ба ҳамлаи гурӯҳи «Давлати исломӣ» ба бинои порлумон ва оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ ба қатл маҳкум кард. Ин ҳукм рӯзи 13-уми май дар Теҳрон содир шуд.
Мақомоти Эрон гуфтанд, ки дар ин ҳамла 18 нафари дигар муттаҳам ҳастанд.
Ҳамла ба бинои порлумон ва мазори Имом Хумайнӣ моҳи июни соли гузашта сурат гирифт ва ҳаждаҳ кушта бар ҷо гузошт. Эрон мегӯяд, панҷ ҷангӯ ва маргталабе, ки дар ҷараёни муҳориба кушта шуданд, қаблан дар ҳайати гуруҳи «Давлати исломӣ» дар Ироқу Сурия буданд.
Мӯсо Ғазанфарободӣ, раҳбари Додгоҳи инқилобии исломии Эрон, тариқи телевизионҳои давлатии он кишвар гуфт, ҳамчунон шикоятҳо алайҳи Иёлоти Муттаҳида ва Арабистони Саудиро баррасӣ хоҳанд кард. Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон иддао дорад, ки дар пушти ҳамлаи тобистони гузашта Амрико ва Саудӣ меистанд.
Вашингтону Риёз ин иттиҳомро рад кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ