Меҳнати маҷбӯрӣ манъ карда мешавад

Ҳукумати Ӯзбекистон дастур дод, ки меҳнати маҷбурӣ дар ин кишвар комилан пешгирӣ шавад.

Ӯзбекистон — яке аз кишварҳои содиркунандаи ҳаҷми зиёди пахта дар ҷаҳон — давоми солҳо хонандагони мактаб, омӯзгорон, табибон ва кормандони сохторҳои давлатиро иҷборан ба ҷамъоварии пахта ҷалб мекард. Тошканди расмӣ зери фишори созмонҳои байналхалқӣ соли 2015 аз таҷрибаи ҷалби ноболиғон ба кори иҷборӣ даст кашид.

Дар фармони ахири ҳукумати ин кишвар «Дар бораи чораҳои иловагӣ барои пешгирӣ аз меҳнати иҷборӣ дар Ӯзбекистон», ки рӯзи 10 май содир шуд, омадааст, ходимони давлатӣ, аз ҷумла омӯзгорон ва табибон, инунин хонандагони мактабҳои давлатӣ набояд ба меҳнати иҷборӣ, аз қабили рӯбучини кӯча ва ҷамъоварии пахта ҷалб шаванд. Дар фармони мазкур аз додситонӣ ва вазорати меҳнат талаб шудааст, ки барои пешгирии ин падида чораандешӣ кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *