Эрон узви СҲШ мешавад (аудио)

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Иброҳим Раисӣ қасд дорад дар нишасти рӯзҳои 15-16-уми сентябр дар Самарқанд ширкат кунад.

Маврид ба зикр аст, ки Эрон қарор аст ба узвияти СҲШ пазируфта шавад. Чанде қабл ин нуктаро Владимир Норов, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон таъкид намуд.

СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд. Кишварҳои нозир — Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Белорус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *