Эътирози мардум дар Лаҳистон бар зидди маъни исқоти ҳамл

Ҳукумати Лаҳистон баъди эътирозҳои густардаи мардум аз идеяи манъи комили исқоти ҳамл ё аборт даст кашид. Дар ин бора вазири маорифи Лаҳистон Ярослав Говин хабар додааст.

Ба гуфтаи вазир, эътирозҳои тӯлонии мардум боис шуд, ки ҳукумат мавқеашро тағйир диҳад. Раиси палатаи болоии порлумони он кишвар гуфтааст, вакилон лоиҳаи қонуни мазкурро баррасӣ нахоҳанд кард.

Дар Лаҳистон исқоти ҳамл ё фигона танҳо бо дархости тиббӣ имконпазир аст. Бино бар маълумоти расмӣ, ҳамасола дар он кишвар на бештар аз 2 ҳазор исқоти ҳамл сурат мегирад.

Лоиҳае ки пешниҳод шуда буд, манъи комили исқоти ҳамлро пешбинӣ мекард ва барои ин амал ҷазои ҷиноӣ муқаррар карда буд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *