Дӯсти ман Ислом Каримов

Сарвари Ӯзбекистон аз диди дипломати ҷопонӣ Акио Кавато

Собиқ сафири Ҷопон дар Ӯзбекистон, профессори даъватии Мактаби олии Донишгоҳи давлатии Москва,  Акио Кавато хотираи худро дар бораи президенти марҳуми  Ӯзбекистон Ислом Каримов хеле бомеҳр нигоштааст.

-Бори охир президент Каримовро моҳи августи соли  2004, вақте ки вазифаи сафириамро дар Ӯзбекистон тарк мекардам, дида будам. Ин дар як чорабинии протоколии ҷойгоҳи президентӣ ба вуқуъ пайваст, ки ман дар гуфтушунидҳо вазири корҳои хориҷии Ҷопон хонум Иорико Кавагутиро ҳамроҳӣ мекардам. Як чиз дар хотирам нақш баст: ҳангоме ки ҳайати ҷопонӣ пас аз фарҷоми мулоқот бо сарвари Ӯзбекистон хайрбод карда буд,  нохост аз дасти ман як варақи коғаз афтид. Ва вақте ки ман дар дил худро сарзаниш карда, онро бардоштанӣ шудам, президент Каримов, ки дар Ғарб ӯро ҳукмрони золим ва худхоҳи Осиё мегӯянд, пешдастӣ карда, варақро аз замин бардошт ва хомӯш ба ман дод. Магар диктатор дар назди мансабдори хориҷӣ хам мешавад?  Ман таваҷҷуҳи ӯро ба худ ҳис кардам ва баъди  ин ягон бор дар борааш бад нагуфтаам. Аммо ин воқеа муқаддимаи худро дошт.

Худхоҳӣ (авторитаризм) дар ҷомеаи ӯзбекон ба ҳама (ба истиснои ӯзбекҳо) маълум аст. «Эҳтироми калонсолон» дар ин кишвари куҳан қиссаи ҳаррӯза маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз ӯзбекҳо бо ҷопонҳо қаринӣ ҳис менамоянд. Вале ба мани ҷопон дилбастагии ӯзбекҳо ба  анъанаҳо ва шартҳои ахлоқӣ баъзан аз ҳад зиёд менамуд.

Ёд дорам, вақти ба вазифаи сафирӣ шурӯъ карданам, зимни  маросими супоридани эътимоднома, ки ба он император имзо гузошта буд, ман расмиятро иҷро карда истода, ба иштибоҳи  назарногир роҳ дода,  дастамро ба киса андохтам. Ва ҳамон лаҳза нигоҳи Каримовро ба худ ҳис намудам: президент инро пай бурда, маъқул надонист. Сабақи аввалин бароям ҳамин буд:  ин сарвар риояи ҳар як ҷузъи расмиятро ночиз намешуморад. Минбаъд ба  ин борҳо  боварӣ ҳосил кардам.

Дар чорабиниҳои бузург бо иштироки президент аз ҷумла, сафирони  хориҷиро низ даъват мекарданд, ки онҳо баъзан омадани шахси якумро соатҳо интизорӣ мекашиданд. Ин як ҷузъи маросим буд. Вале як ҳамкасби  ман аз як давлати Ғарб тоқат накарда, ин интизорӣ ва тартиботи мавҷударо дар кишвар ва сипас худи кишварҳои Ғарб ҳамкориҳои худро бо «чунин» Ӯзбекистон ошкоро интиқод карданд. Ҳамкасби ман аслашро нафаҳмид: Ӯзбекистони дигар вуҷуд надорад – фақат ҳамин гунааш ҳаст.

Ҷопон дар он замон сармоягузори бузурги дуюмини грантҳо ва қарзҳои имтиёзнок барои Ӯзбекистон ба шумор мерафт.  Ман самти расмии ҷопониро баҳри  рушди иқтисодии ин мамлакат, ки мақсадаш барпосозии давлати мустақил аст, фаъолона иҷро мекардам, ба бунёди тадриҷии иқтисодиёти рушдёбандаи демократӣ мусоидат намоям (ҳамаи ин ба нафъи  Ҷопону Ӯзбекистон равона шуда  буд). Он замон ман барои татбиқи лоиҳаи сохтмони хатти нави роҳи оҳан, ки он мебоист қисмҳои шимолию  ҷануби кишварро ба воситаи кӯҳҳо мепайваст ва мустақилияти кишварро аз Туркманистон таъмин мекард, масъул будам.

Ман ҳамчун ҷангбадбини фориғбол фақат дар бораи беҳтар кардани робитаҳои хоҷагии минтақаҳои шимолу ҷануби кишвар андеша карда, мансабдорони якрави ҷопонро розӣ мекунондам, ки ба сохтмони роҳ маблағгузорӣ намоянд (маблағгузории ҷопонӣ дар ин самт бояд наздики 200 млн долларро ташкил медод, ки  ин кор бо душворӣ иҷро мешуд. Ва ман ноил шудам, ки Токио то анҷоми муҳлати сафириам ба шартномабандӣ иҷозат бидиҳад). Президент Каримов дар бораи лоиҳаи мазкур нигоҳи дурандешона дошт ва дар ин самт ҳамчун сарвари мамлакат сифатҳои хуби кордонӣ нишон медод.

Соли 2002-ум қӯшунҳои амрикоӣ аллакай дар Афғонистон меҷангиданд. Вобаста ба ин, Каримов нақши стратегии худро дошт: агар Ӯзбекистон ба амрикоиҳо роҳи  нави логистиро ба воситаи қаламрави худ пешниҳод мекард, мамлакат аз ин фоидаи ҷиддӣ медид. Ва чунин ҳам  шуд: пас аз анҷоми сохтмон роҳи оҳани мазкур ба яке аз самтҳои калидии таъминот барои муоҳидаи ғарбӣ дар Афғонистон мубаддал гардид.

Ман грантҳо ва қарзҳои имтиёзнокро муҳайё карда, баъди ҳар  чор рӯз аз телевизиони  Ӯзбекистон баромад мекардам.  Ва боре баҳори соли 2004 аз маъмурияти Каримов ба котиби ман занг заданд, ки президент мехоҳад рӯ ба рӯ бо сафири Ҷопон суҳбат орояд. Даъвати фаврӣ шавқамро бештар карду ман зуд ба қароргоҳи президент шитофтам ва ба сенарияҳои гуногуни суҳбат омода шудам. Ман дастонамро аз кисаҳо дур  гирифта, мунтазир шудам. Вақте Каримов омад, камераҳои телевизион моро иҳота карданд ва баъди 20 дақиқа  саҳнаи мазкур дар мавҷҳо ҳамчун навиди муҳими рӯз такрор ба такрор намоиш дода шуд. Мақсади мулоқоти ногаҳонӣ ошкор шуд: президент ба халқи худ нишон дод, ки дар мисоли Ҷопон дӯсти садоқатманд дорад, ки муносибат бо он  боэътимод аст. Ин намоиш барои ӯ хеле муҳим буд, зеро дар ин вақт Каримов мехост самти сиёсати берунаи худро дигар созад – аз наздикшавии барзиёд бо ИМА дур равад. Ба чунин  гардиш ӯро, ба фикрам, вазъият тела дод. Қӯшунҳои амрикоӣ, ки барояшон  ҳуқуқи истифода аз авиабазаи Хонобод дода шуда буд, то ба дараҷае мавқеъ гирифтанд, ки ба минтақаи ҷойгиршавии худ ӯзбекҳоро роҳ намедоданд, ташкилоти ғайриҳукуматии амрикоӣ озодона дар Ӯзбекистон  демократияро омӯзонида, рӯшод ба табдили ҳокимият даъват мекарданд. Президент Буш бошад,  талқин менамуд, ки барои сохтмони иқтисодии Ӯзбекистон дар ҳадде, ки Каримов мехоҳад, мадад намерасонад.

Ёд дорам, ҳангоми он мулоқоти фаврӣ Каримов маро пурсид: «Ҷаноби сафир, шумо дарҳол баъд аз таркиши назди сафоратхонаи Исроил (дар Тошканд) қадами хатарнок гузоштед – ба вазъи муташанниҷ нигоҳ накарда, аз баромади худ дар донишгоҳи  Фарғона даст накашидед. Шумо дониста таваккал кардед, то ба  ҳукумати худ нишон диҳед, ки вазъият дар Ӯзбекистон  ором асту сафари сайёҳонро манъ накунад. Ҳамин тавр?». «Оре, дуруст гуфтед, ҷаноби президент»,— посух додам ман (ва ман дурӯғ нагуфтам). Ман президентро бовар кунондам, ки сиёсати фаъоли Ҷопон нисбат ба Ӯзбекистон  бетағйир мемонад. Ин ба Каримов хеле писанд омад. Шояд ин ҳамон тавре буд, ки президент мехост аз забони сафир бишнавад. То охири гуфтугӯ ман ҳис кардам, ки ҳамааш чунин меанҷомад ва президент аз Ҷопон истифода мебарад. Аз ин рӯ, кӯшидам бидуни  дастур аз Токио дар бораи дигар чизҳо гап занам. «Ҷаноби президент,- сар кардам ман, — дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвари шумо…». Мехостам бигӯям, ки дар Ғарб вобаста ба ин интиқод мекунанд. Агар барои беҳбудии он чора андешед, ин мавқеи Ҷопонро хеле сабук мекард.

Аммо ҳамин ки  «ҳуқуқи инсон»-ро ба забон овардам,суханамро ба охир расонда натавонистам. Президент абрӯ чин кард ва ба назарам тофт, ки шамоли сарде вазид. Аз фикрам гузашт: ҳамон гунае дар театри Кабуки, ки саҳна ногоҳ торик шуда, зери навои нақора албастӣ пайдо мешавад. Вале ин хел нашуд: президент Каримов аз хона баромада, барнагашт. «Мумкин ки равам?» — пурсидам аз вазири корҳои хориҷӣ, ки дар барам менишаст. Ӯ бо  табассуми сабук сар ҷунбонд , ки пазироӣ ба анҷом расид.

Ин лаҳза бармало аз он гувоҳӣ медиҳад, ки президент Каримов соҳибихтиёрии кишвари худро ниҳоят қадр менамуд ва дахолати қувваи хориҷиро бад медид. Демократияи Ғарбро ӯ хуб дарк мекард ва ба он муносибати ҳасудона дошт, ҳамзамон, зердастонашро таъкид мекард, ки Ӯзбекистон барои демократия ҳанӯз омода нест. Зеро чун назорат аз даст рафт, вазъият ба сари кишвар мушкилот оварда, муборизаро барои талоши ҷоҳу мансаб тезу тунд мегардад. Ман комилан ба ин назар мувофиқам.

Президент Каримов дар зарфи беш аз  25 сол корҳои бисёреро анҷом додаст. Пеш аз ҳама, системаи давлатдориро ба роҳ монда, новобаста аз неруҳои қавмии пурқувват, вобастагиро аз содироти пахта паси сар намуда, иқтисодиёти мустақилро бунёд кард. Ӯ сиёсати берунаи мустақилро кор карда баромад (аз ҷумла садҳо нафар дипломатҳои касбиро дар муҳлати кӯтоҳтарин тайёр кард). Фосиларо бо ИМА нигоҳ дошта, ҳамзамон аз калавиш ба сӯи Русия ё Хитой дурӣ ҷуст. Ӯ дар  ин раванди мураккаб бисёриҳоро қурбон намуд. Аз ҷумла,  писари ягона ва духтари калониашро аз ҳукумату имтиёзҳо барканор намуд. Ӯ ғами оилаашро не, ғами кишварро мехӯрд.

Президент Каримов ва ҳаммаслакони ӯ новобаста аз камбудиҳо марҳилаи муҳими сохтмони давлатӣ – барқароршавиро ба итмом расонданд. Аз ин лиҳоз, ба сарварони оянда кор сабук меғалтад: онҳо бештар замонавӣ буда, аз уҳдадориҳои қавмӣ камтар вобастагӣ доранд. Онҳо анъанаҳоро ҳифз намуда,  дигаргуниҳоро зуд қабул мекунанд.

Имрӯз, вақте, ки ба Ӯзбекистон аз самти шарқ парвоз карда меоед, аз баландӣ низому тартиби ҷойгирии киштзорон ва зебогии водии Фарғонаро дида, ба ҳайрат меоед. Ва вақте ки аз заводу фабрикаҳо дидан мекунед, ба кордонии менеҷерҳои ӯзбек аҳсан мехонед. Ибтидои моҳи август ман дар Ӯзбекистон будам ва дар сафари як ҳайати ҷопонӣ иштирок кардам.Тошканд солҳои охир боз ҳам зеботар шудааст. Ӯзбекҳо метавонанд бо дастони  худ арзишҳои навин биофаранд.

Хушҳолам, ки дар ин кишвари ман ҳам саҳмгузор аст. Маблағи умумии гранту сармоягузории Ҷопон ба иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз  ҷумла Ӯзбекистон,  қариб  5 млрд долларро ташкил медиҳад. Бонки рушди Осиё, ки Ҷопон дар он яке аз  нақшҳои асосиро мебозад, аз ин бештар қарзҳои имтиёзнокро ҷудо кардааст. Ҳамин тавр, Ҷопон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамеша кумак мерасонад, ки онҳо аз вобастагии зиёди  кадом як давлат раҳо шаванд.

Дар охир мехоҳам аз даргузашти президент Каримов андуҳи амиқи худро баён созам. Ва ҳарчанд ки мардум хизматҳои сарварони собиқро дуру дароз ба хотир намегиранд, ман бовар дорам: самти умумии муқарраркардаи   онҳо баҳри мустақилияти давлатӣ ва шукуфоии мардум ба мерос гирифта мешавад.

Бигзор рӯҳи шумо ором бошад, Ислом Абдуғаниевич!

                

Таҳияи Эмоми НАЗАРИЁН

(Маҷаллаи «Огонёк», сентябри соли 2016).

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *